Дар роҳбандиҳо намон: Вазорати нақлиёт дар бораи почархаи барқӣ чӣ назар дорад

© Sputnik / Кирилл КаллиниковЛюди на электросамокатах
Люди на электросамокатах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе иҷораи почархаҳои барқӣ (электосамокат) имконпазир шуд: почархаҳо дар 4 нуқта боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Наврӯзгоҳ ва маҷмааи Душанбе-Плаза дастрасанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон масъалаи танзими қонунии почархаҳои барқӣ ва дигар воситаҳои ҳаракат, қоидаҳои ҳаракат ва таваққуфгоҳи мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.
Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, дар Душанбе шабакаи кирояи почархаҳои барқӣ таъсис ёфтааст. Аз ҷумла, ҳоло 4 нуқта дастрас аст: дар боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Наврӯзгоҳ, инчунин дар маҷмааи Душанбе-Плаза.
Таъкид мешавад, ки дар оянда шумораи онҳо бояд боз ҳам афзоиш ёбад.
"Дар шароити кунунӣ, ки шаҳри Душанбе васеъ ва мошинҳо зиёд мешавад, дар ҷоддаҳо ҷой кам мешавад, мавҷудияти чунин хадамот дар пойтахт агар ҳатмӣ набошад, бамаврид аст", - гуфтанд дар вазорат Нақлиёт.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, истифодаи почархаҳои барқӣ чандин бартариҳои назаррас доранд.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Онҳо пеш аз ҳама ба холӣ кардани роҳҳои пойтахт кумак мекунанд, ҳаракати озод дар роҳро таъмин мекунанд ва имкон медиҳанд, ки ба сокинон аз як ҷо ба ҷои бирасан ва дар роҳбандиҳо намонанд.
Инчунин савори почархаҳои барқӣ як навъ машқҳои ҷисмониро дар бар мегирад, ки ин барои саломатӣ муфид аст ва аз ин лиҳоз аз рондани мошин афзалтар аст.
Ниҳоят, он як намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон, содда ва нисбатан бехатар аст.
Лентаи хабарҳо
0