КҲФ ҷасади ҷавони 26-соларо, ки шаш рӯз боз ҷустуҷӯ мешуд, пайдо кард

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Қаблан падари ин ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани фарзандаш кумакхоҳӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Ҷасади сокини 26 - солаи Душанбе, ки шаби 9 ба 10 июн дар рӯди Варзоб ғарқ гардид, пайдо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, ҷавон дар километри 29 - уми роҳи Душанбе -Варзоб ба дарё сарозер шуда ғарқ гардид ва ҷустуҷӯи ӯ шаш рӯз идома кард.
"Сарфи назар аз якбора баланд шудани сатҳи оби дарё, дар тӯли ин рӯзҳо кофтуков қатъ нагардид ва ахиран ҷасади ӯ дар 5 км поинтар аз ҷои ҳодиса пайдо шуд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ин ниҳод ба пайвандони марҳум тасаллият баён намуда, аз шаҳрвандон дархост кард, ки дар обанборҳо тамоми қоидаҳои бехатариро рия кунанд.
Қаблан падари ин ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум барои пайдо кардани фарзандаш имдодталабӣ кард.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Дар Тоҷикистон омори ғарқшудагон ошкор шуд
Ин мард бо истинод ба шаҳодати ҳамроҳони фарзандаш навишт. ки писари ӯ соати яки шаб дар истироҳатгоҳи "Панҷшер" дар дарё ғарқ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон наздики 60 нафар ғарқи рӯду каналҳо гардидаанд, ки аксарашонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Дар робита ба ин, кумита бори дигар шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Ба падару модарон тавсия додааст, ки фарзандони худро дар соҳилҳои обанбор бе назорат нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0