Дар Тоҷикистон омори ғарқшудагон ошкор шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Дар қаламрави Тоҷикистон марги одамон ҳангоми оббозӣ дар обанбор идома дорад, дар робита ба ин КҲФ аз қоидаҳои рафтор дар об ёдовар мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон 56 нафар дар обҳо ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои расмӣ 33 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. КҲФ тавонистааст, ки 15 нафарро наҷот диҳад.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 8 нафар ғарқ шуда, аз ҷумла ду нафар худкушӣ кардаанд, 6 нафар бар асари хунукназарӣ ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар об ҷони худро аз даст додаанд.
Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар обанборҳои кишвар 84 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 38 нафари онҳо кӯдакони то 16-сола буданд.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Дар ҳамин ҳол, танҳо рӯзи 12-уми июн ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар рӯдхонаи Сирдарё як сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ҳамчунин марди 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ҷон бохтаанд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ ҷасадҳоро аз об пайдо ва берун оварданд.
Дар робита ба ин, кумита бори дигар шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, яъне танҳо дар ҷойҳои махсус оббозӣ кунанд, дар ҳолати мастӣ, танҳо ва шабона ба об надароянд.
Ба падару модарон тавсия карда мешавад, ки фарзандони худро дар сохилхои обанбор бе назорат нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0