Рӯзноманигори амрикоӣ ҳамлаи бефоидаи ҷавобии Украинаро худкушӣ хонд

© AP / Roman ChopУкраинские военнослужащие в районе Бахмута
Украинские военнослужащие в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Рӯзноманигор гуфт, дар натиҷаи ҳамалоти ҷавобии Украина чандин танку тӯп хароб гардида, ҳамчунин ҳазорон низомӣ ҷон аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Ҷексон Ҳинкл ҳамлаи ҷавобии Украинаро худкушӣ номид.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украина комилан ноком шуд - онҳо чандин танк ва ҳазорон нафарро аз даст доданд, аммо амалан қаламравро забт накарданд.

"Ин ҳамлаи ҷавобӣ нест, ин як миссияи худкушӣ аст", - гуфт Ҳинкл.

Тавре вазири дифои Русия Сергей Шойгу қаблан гуфта буд, ҳафтаи гузашта нерӯҳои украинӣ ба пешравии дерини ваъдашуда дар бахшҳои мухталифи ҷабҳа шурӯъ карданд ва барои ин миқдори зиёди техника ва нерӯи корӣ мутамарказ карданд.
Президент России Владимир
 Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, ҳамлаи ҷавобии Украина оғоз шуд
Ҳамзамон кишвардори Русия Владимир Путин низ аз оғози ҳамалоти ҷавобии Украина хабар дод ва таъкид намуд, ки низомиёни украинӣ дар ягон ҷабҳа ба ҳадафи худ нарасидаанд.
"Дар мавриди он, ки ҳамлаи ҷавобӣ дар бунбаст мондааст ё на, метавон гуфт, ки ҳама талошҳои ҳуҷум то кунун ноком шуданд. Аммо иқтидори ҳамлаии нерӯҳои низомии Киев то ҳол боқӣ мемонад", - гуфта буд Путин.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Украина ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ 160 танк ва 360 мошини чархдори зиреҳпӯшро аз даст дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0