Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин гуфт, ҳамлаи ҷавобии Украина оғоз шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир
 Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳама талошҳои ҳамлаи ҷавобие, ки то кунун анҷом дода шуданд, бенатиҷа буданд, аммо иқтидори ҳамлаии нерӯҳои Украина то ҳол вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамлаи Украина оғоз шудааст, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ва истифодаи захираҳои стратегӣ аз сӯи Киевро далел овард.
Ба гуфтаи президенти Русия, нерӯҳои украинӣ дар ҳеҷ як минтақаи ҷангӣ ба ҳадафҳои худ нарасидаанд.
Владимир Путин қайд кард, ки дар рӯзҳои охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина талафоти зиёд дидаанд, ки аз рақами "классикӣ" зиёдтар аст.
"Дар мавриди он, ки ҳамлаи ҷавобӣ дар бунбаст мондааст ё на, метавон гуфт, ки ҳама талошҳои ҳуҷум то кунун ноком шуданд. Аммо иқтидори ҳамлаии нерӯҳои низомии Киев то ҳол боқӣ мемонад", - изҳор дошт ӯ.
 Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу аз ҳамлаи Киев ва талафоти ду тараф гуфт
Вай инчунин таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки талафоти нерӯҳои низомии Киев аз таносуби се ба як ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар аст.
Владимир Путин ҳамчунин қайд кард, ки аслиҳаи муосир кофӣ нест, аммо маҷмааи саноатии ҳарбӣ босуръат рушд мекунад ва афзоиши босуръати истеҳсолот таъмин гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, дар остонаи вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки "ҳамла"-и нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Запороже ноком шуд. Ба гуфтаи ӯ, шаби 8 июн кӯшиши убури воҳидҳои дифои Русияи нерӯҳои мусаллаҳи Украина сурат гирифтааст.
Вазир гуфт, дар ҳамаи самтҳо талошҳои нерӯҳои Украина барои ҳамла бенатиҷа анҷом ёфта, ҳамлагар теъдоди зиёди низомиёну техникаро талаф дод.
Лентаи хабарҳо
0