Расонаҳо: Ҷурму ҷиноят дар Кобул коҳиш ёфт

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Расонаҳои маҳалӣ хабар медишанд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибҳо ҷурму ҷиноят дар пойтахти Афғонистон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Шаҳрвандони кобулӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ово” эътироф карданд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибҳо дар Афғонистон, дуздиҳои мусаллаҳона, зӯргӯӣ ва бебандуборӣ дар сатҳи кишвар, ба вижа Кобул – пойтахт, 90 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шаҳрвандон гуфтанд, қабл аз рӯи кор омадани ҳукумати толибҳо дуздиҳои мусаллаҳонаву зӯргирӣ ба як фарҳанг дар шаҳри Кобул табдил шуда буд.
“Шаҳрвандон дар рӯзи равшан ҳадафи ҳамалоти дуздону афроди зӯргӯ қарор мегирифтанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон толибон якбора фаъол шуданд. Махсусан, онҳо ноҳияҳои шимоли кишварро зери назорати худ гирифтанд.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
7 август ҷангӯёни "Толибон" ба маъмуриятҳои марказҳои вилоятҳо ҳуҷум карда, аввал шаҳри Заранҷ, пойтахти вилояти Нимрӯзро гирифтанд. Ба Толибон як ҳафта кифоя буд, то шаҳрҳои бузурги Афғонистон, Қандаҳор, Ҳирот, Ғазна, Мазори-Шариф ва Файзободро ғасб кунанд. Бештари ин шаҳрҳо, бо истиснои Ҳирот ва Мазори Шариф бе ҷанг таслим шуданд.
Президенти кишвар Муҳаммад Ашраф Ғани ва бархе наздикони ӯ пас аз он ки толибон ба пойтахти Афғонистон наздик шуданд, дарҳол аз Кобул фирор карданд.
Ин вазъи ғайричашмдошт боиси бетартибӣ дар пойтахти Афғонистон гардид, ҳазорон шаҳрвандон ба фурӯдгоҳи шаҳр шитофтанд, то ин ки кишварро бо ҳар парвоз тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0