https://sputnik.tj/20230605/rusiya-didgoh-dushanbe--masala-afghoniston-yak-1057560417.html
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
Sputnik Тоҷикистон
ВКХ Русия ба муносибати сафари расмии Сергей Лавров ба Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар бораи дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо дар самти Афғонистон бигӯяд
2023-06-05T18:03+0500
2023-06-05T18:03+0500
2023-06-05T18:03+0500
дар тоҷикистон
русия
афғонистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045668611_0:252:2049:1404_1920x0_80_0_0_7e94eccb339a32d88f49d92bbe5a8c77.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дидгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар бисёре аз масъалаҳои рӯзномаи Афғонистон ба ҳам мувофиқанд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Русия, зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва тавлиди маводи мухаддир, муҳоҷират ва ҳуқуқи башар аз мавзуотест, ки ҷонибҳо дидгоҳҳои яксон доранд. Дар робита ба ин масъалаҳо, ба гуфти вазорат, миёни Маскав ва Душанбе ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Он ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар доираи платформаҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ: формати Маскав, СПАД, СҲШ, механизми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва ғайра сурат мегирад. Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун як садди боэътимод дар роҳи паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад. Ёдовар мешавем, ки Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дипломати рус дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20230604/lavrov-dushanbe-meoyad-1057539444.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045668611_0:60:2049:1596_1920x0_80_0_0_9cb4b0f63b7bbf033ba00b4ae8482b43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия дидгоҳ маскав душанбе масъала афғонистон яксон
русия дидгоҳ маскав душанбе масъала афғонистон яксон
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
ВКХ Русия ба муносибати сафари расмии Сергей Лавров ба Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар бораи дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо дар самти Афғонистон бигӯяд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дидгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар бисёре аз масъалаҳои рӯзномаи Афғонистон ба ҳам мувофиқанд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Русия, зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва тавлиди маводи мухаддир, муҳоҷират ва ҳуқуқи башар аз мавзуотест, ки ҷонибҳо дидгоҳҳои яксон доранд.
Дар робита ба ин масъалаҳо, ба гуфти вазорат, миёни Маскав ва Душанбе ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
Он ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар доираи платформаҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ: формати Маскав, СПАД, СҲШ, механизми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва ғайра сурат мегирад.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун як садди боэътимод дар роҳи паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад.
"Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон - бузургтарин дар хориҷ аз Русия - омили муҳими суботу амният дар минтақа буда, ба манофеъи ҳама муттаҳидони СПАД ҷавобгӯ аст", - гуфт ниҳоди дипломатӣ.
Ёдовар мешавем, ки Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дипломати рус дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.