https://sputnik.tj/20230615/lukashenko-barodari-rahmonu-dusti-jovidona-tojikiston-1057728122.html
Лукашенко аз бародарӣ бо Раҳмону дӯстии ҷовидона бо Тоҷикистон гуфт
Лукашенко аз бародарӣ бо Раҳмону дӯстии ҷовидона бо Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Белорус зимни қабули эътимоднома аз сафири Тоҷикистон дар он кишвар, аз дӯстӣ ва бародарии ҷовидона миёни ин ду давлат гуфт
2023-06-15T14:16+0500
2023-06-15T14:16+0500
2023-06-15T14:29+0500
дар тоҷикистон
белорус
александр лукашенко
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052054431_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_6ee1086a6f87da3d993c59e5da272137.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бахтовар Сафарзода сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Беларус ба Александр Лукашенво эътимоднома супорид, хабар медиҳад Белта.Манбаъ меафзояд, Сафирони навтаъйини нуҳ кишвар ба президенти Беларус эътимоднома супурданд. Чун анъана Лукашенко дар бораи ҳамкорӣ бо ҳар як кишвар, мухтасар ибрози назар намуд. Ӯ таъкид намудааст, ки Беларус бо давлатҳои Осиё муносибатҳои деринаи дӯстона дорад.Лукашенко созишномаи тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардГуфта мешавад, зимни қабули эътимоднома аз дасти сафири тоҷик, кишвардор изҳор доштааст, ки риштаи дӯстӣ ва бародарии Беларусу Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст.Дар идома ӯ гуфт, ба нигоҳ доштани муносибатҳои хуб, дӯстии деринаи ӯву кишвардори Тоҷикистон мусоидат намудааст. Лукашенко тавзеҳ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими шарикии Беларусу Тоҷикистон корҳои зиёде кардааст.Дар фарҷом, раисҷумҳури Белорус ба сафирони навтаъйини нуҳ давлат муваффақият таманно кард.Ёдовар мешавем, чанде пеш бо фармони президент Сафарзода Бахтовар сафири Тоҷикистон дар Беларус таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмудро иваз кард, ки вай бинобар баромадани ба нафақа аз вазифа барканор шуд. Ҳақдод Маҳмадшариф ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия буд.
https://sputnik.tj/20230531/tojikiston-safiron-barkhe-kishvar-1057469425.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052054431_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_f949fcbe3f378b18592775a6afd39dba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко раҳмон сафир эътимоднома
лукашенко раҳмон сафир эътимоднома
Лукашенко аз бародарӣ бо Раҳмону дӯстии ҷовидона бо Тоҷикистон гуфт
14:16 15.06.2023 (Навсозишуда: 14:29 15.06.2023) Кишвардори Белорус зимни қабули эътимоднома аз сафири Тоҷикистон дар он кишвар, аз дӯстӣ ва бародарии ҷовидона миёни ин ду давлат гуфт
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бахтовар Сафарзода сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Беларус ба Александр Лукашенво эътимоднома супорид, хабар медиҳад Белта.
Манбаъ меафзояд, Сафирони навтаъйини нуҳ кишвар ба президенти Беларус эътимоднома супурданд.
Чун анъана Лукашенко дар бораи ҳамкорӣ бо ҳар як кишвар, мухтасар ибрози назар намуд. Ӯ таъкид намудааст, ки Беларус бо давлатҳои Осиё муносибатҳои деринаи дӯстона дорад.
Гуфта мешавад, зимни қабули эътимоднома аз дасти сафири тоҷик, кишвардор изҳор доштааст, ки риштаи дӯстӣ ва бародарии Беларусу Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст.
"Мо бо ин кишвар аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои мустаҳкам дорем ва ҳарчанд беш аз як насли белорусҳо ва тоҷикон тағйир ёфтаанд, вале риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ ҳеҷ гоҳ канда нашудаанд", - афзуд роҳбари Беларус.
Дар идома ӯ гуфт, ба нигоҳ доштани муносибатҳои хуб, дӯстии деринаи ӯву кишвардори Тоҷикистон мусоидат намудааст. Лукашенко тавзеҳ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими шарикии Беларусу Тоҷикистон корҳои зиёде кардааст.
Дар фарҷом, раисҷумҳури Белорус ба сафирони навтаъйини нуҳ давлат муваффақият таманно кард.
Ёдовар мешавем, чанде пеш бо фармони президент Сафарзода Бахтовар сафири Тоҷикистон дар Беларус таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмудро иваз кард, ки вай бинобар баромадани ба нафақа аз вазифа барканор шуд. Ҳақдод Маҳмадшариф ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия буд.