Тоҷикистон сафиронро дар бархе кишварҳо иваз кард: Кӣ барканору кӣ таъйин шуд?

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои ҳукумат 2 муовини вазири корҳои хориҷии кишварро аз мақомашон барканор карда, сафирон дар бархе кишварҳоро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия озод карда шуд.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири нав дар Белорус, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ таъйин шуд.
Раҳматуллозода Эркинхон низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафир дар Шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Нидерландия, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ - НАТО озод гардид.
Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод, ки то ҳол муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон буд, сафир дар шоҳигарии Белгия таъйин шудааст.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Тағйироти кадрӣ дар маориф: аз барканории Субҳонзода то таъйини Саидзода
Шарифзода Юсуф Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар ҷумҳурии Корея озод гардида, Киром Салоҳиддин Амриддинзода ҷойгузинаш шудааст.
Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева озод гардида, ҷойашро Шерализода Шараф Аҳмадҷон гирифтаст.
Шарифзода Фаррух Ҳомиддин низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар Туркманистон озод гардидаст. Сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0