Таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин

© Маркази тадқиқоти стратегии ТоҷикистонИмзои санад миёти МТС ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин
Имзои санад миёти МТС ва Иститути  Осиёи Марказии Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд, ки таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин барои муаррифии фарогири таъриху фарҳанги миллати тоҷик муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Сиани Чин таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" таъсис меёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ таъсиси ин марказ дар дидори муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода бо директори Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин Лу Шанбин баррасӣ шуд.
Тавре дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар додааст дар вохӯрӣ ҳамзамон масоили ҳамкории илмӣ байни марказҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин дидор намояндаи Тоҷикистон вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро мавриди таҳлил қарор дода, онро хеле ҳассос ва мураккаб арзёбӣ намуд.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Завқизода: Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи Чин манфиатдор аст
Номбурда иброз дошт, ки дар чунин раванди мураккаб нақши марказҳои таҳлилӣ дар муайяннамоӣ ва шинохти хавфу хатарҳо, пешбинии равандҳо ва мусоидат дар қабули қарорҳои дахлдор ниҳоят муҳим аст.
Лу Шанбин гуфт, ки дар назди Донишгоҳи шимолу ғарбии шаҳри Сиани Чин "Маркази омӯзиши Тоҷикистон"-ро ифтитоҳ менамояд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" барои муаррифии фарогири таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши калидии Тоҷикистон дар минтақа ва умуман шинохти мусбати Тоҷикистон дар шаҳри Сиан ва дигар шаҳрҳои Чин нақши муҳим хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0