Лукашенко гуфт, низоъ дар Украина ба зудӣ хотима хоҳад ёфт

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Беларус мегӯяд, низоъ дар Украинаро хотима хоҳанд дод ва ба ғарб ишора кард, ки дар сурати амалкарди ғайримақбул сахт посух хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Низоъ дар Украина ба зудӣ хотима хоҳад ёфт, зеро барои ин заминаҳои бузург вуҷуд доранд.
Дар ин бора Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо телевизиони "Россия 1" изҳор дошт.
"Ман пайғомбар нестам, аммо мо ин ҷангро дар Украина хотима медиҳем. Барои ин аллакай заминаҳои бузург вуҷуд доранд", - гуфт Лукашенко.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки дар оянда "девона аз Ғарб" метавонад мушкилоти зиёде эҷод кунад. Аммо ба гуфтаи Лукашенко, агар кишварҳои ғарбӣ хати сурхро убур кунанд, “онҳо сахт осеб мебинанд”.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки Ғарб аз ҷанги нави густарда метарсад, зеро ба андешаи ӯ, онҳо аз фалокати ҳастаӣ ва истифодаи чунин силоҳ дар даргириҳо ҳарос доранд.
Раисиҷумҳури Беларус таъкид кард, ки Минск низ инро намехоҳад ва метарсад, зеро “туб метавонад дар сурати таркидани ҳамаи ин силоҳҳо аз мадор берун шавад”.
Митинг в поддержку действующего президента Белоруссии А. Лукашенко в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Се маротиба қавитар аз Хиросима ва Нагасаки: Лукашенко дар бораи бомбаҳои Русия гуфт
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки барои қатъи низоъи низомӣ дар Украина кишварҳои ғарбӣ бояд интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро бас кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат худи Киев мехоҳад бо Маскав бо ҳар шарте сари мизи музокирот нишинад.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки қудратҳои ғарбӣ тамоми силоҳҳои мавҷударо барои интиқол ба Украина ҷудо кардаанд, аммо онҳо ба зудӣ хотима хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0