https://sputnik.tj/20230614/qavitar-khirosima-nagasaki-lukashenko-bomba-rusiya-1057709355.html
Се маротиба қавитар аз Хиросима ва Нагасаки: Лукашенко дар бораи бомбаҳои Русия гуфт
Се маротиба қавитар аз Хиросима ва Нагасаки: Лукашенко дар бораи бомбаҳои Русия гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Беларус бар ин назар аст, ки кишвараш ҳамеша ҳадафи душманон буд - онҳо мехостанд, ки аз соли 2020 "кишварро пора-пора кунанд"
2023-06-14T13:54+0500
2023-06-14T13:54+0500
2023-06-14T13:54+0500
русия
беларус
александр лукашенко
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1c/1031809725_0:0:2894:1628_1920x0_80_0_0_d8bf178ca9574aec9ab76ce419082866.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Маскав ба Минск силоҳи ҳастаӣ дод, ки се маротиба қавитар аз онест, ки дар Хиросима ва Нагасаки истифода шудааст.Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт. Ба саволе, ки оё Лукашенко бо истиқрори ин гуна силоҳҳо дар ҷумҳурӣ аз “ҳадаф” шудан наметарсад, сарвари давлат чунин посух дод: "Ҳоло ман кистам? Акнун ман ҳадафи боз ҳам бузургтарам. Ҳадаф ҳамоно аст, ки ҷавоб додан бароям душвор аст", - бовар дорад роҳбари кишвар. Александр Лукашенко ҳамчунин таъкид кард, ки Беларус ҳамеша ҳадафи душманон буд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо мехостанд аз соли 2020 ҷумҳуриро “пора-пора кунанд”. Дар оғози соли 2023 Маскав ва Минск ба мувофиқа расиданд, ки силоҳи ҳастаии тактикиро дар қаламрави Беларус ҷойгир кунанд. Ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сохтмони анбор барои ин навъи аслиҳа дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 июл ба анҷом мерасад. Вай ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Русия уҳдадориҳои байналмилалиро нақз намекунад ва кореро анҷом хоҳад дод, ки Иёлоти Муттаҳида дар тӯли даҳсолаҳо бо истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Аврупо анҷом додааст. Тавре котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков қайд кард, вокуниши Ғарб ба нақшаҳои Маскав таъсир намерасонад. Моҳи апрел ба Қувваҳои мусаллахи ҷумҳурӣ маҷмуаи фаврию тактикии "Искандер-М" дода шуд, ки қобилияти истифодаи мушакҳои ядроиро дорад. Илова бар ин, баъзе ҳавопаймоҳои ҳамлаи заминии Беларус барои силоҳи ҳастаӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.
https://sputnik.tj/20230613/lukashenko-khud-rusiya-siloh-hastai-talab-1057689244.html
русия
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1c/1031809725_334:0:2894:1920_1920x0_80_0_0_b20288b7ef37e051fd54645d45f6a2e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко бомбаҳои русия қудрат
лукашенко бомбаҳои русия қудрат
Се маротиба қавитар аз Хиросима ва Нагасаки: Лукашенко дар бораи бомбаҳои Русия гуфт
Раисҷумҳури Беларус бар ин назар аст, ки кишвараш ҳамеша ҳадафи душманон буд - онҳо мехостанд, ки аз соли 2020 "кишварро пора-пора кунанд"
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Маскав ба Минск силоҳи ҳастаӣ дод, ки се маротиба қавитар аз онест, ки дар Хиросима ва Нагасаки истифода шудааст.
Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт.
"Мо аз Русия мушаку бомба гирифтем. Намедонам, зимни истифодаи он ҳудуди як миллион нафар мемиранд. Худо накунад, ки аз ин силоҳ истифода шавад", - гуфт ӯ.
Ба саволе, ки оё Лукашенко бо истиқрори ин гуна силоҳҳо дар ҷумҳурӣ аз “ҳадаф” шудан наметарсад, сарвари давлат чунин посух дод: "Ҳоло ман кистам? Акнун ман ҳадафи боз ҳам бузургтарам. Ҳадаф ҳамоно аст, ки ҷавоб додан бароям душвор аст", - бовар дорад роҳбари кишвар.
Александр Лукашенко ҳамчунин таъкид кард, ки Беларус ҳамеша ҳадафи душманон буд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо мехостанд аз соли 2020 ҷумҳуриро “пора-пора кунанд”.
Дар оғози соли 2023 Маскав ва Минск ба мувофиқа расиданд, ки силоҳи ҳастаии тактикиро дар қаламрави Беларус ҷойгир кунанд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сохтмони анбор барои ин навъи аслиҳа дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 июл ба анҷом мерасад.
Вай ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Русия уҳдадориҳои байналмилалиро нақз намекунад ва кореро анҷом хоҳад дод, ки Иёлоти Муттаҳида дар тӯли даҳсолаҳо бо истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Аврупо анҷом додааст.
Тавре котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков қайд кард, вокуниши Ғарб ба нақшаҳои Маскав таъсир намерасонад.
Моҳи апрел ба Қувваҳои мусаллахи ҷумҳурӣ маҷмуаи фаврию тактикии "Искандер-М" дода шуд, ки қобилияти истифодаи мушакҳои ядроиро дорад. Илова бар ин, баъзе ҳавопаймоҳои ҳамлаи заминии Беларус барои силоҳи ҳастаӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.