https://sputnik.tj/20230614/hushdor-az-khatari-selfaroi-dar-tojikiston-1057704500.html
Ҳушдор аз хатари селфароӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз хатари селфароӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Битно ба пешгӯии ҳавосанҷони дар аксар манотиқи кишвар борони кӯтоҳмуддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест
2023-06-14T09:43+0500
2023-06-14T09:43+0500
2023-06-14T13:20+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102580/79/1025807948_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_e8a9ad73bb731533a0790c6bc95f0b62.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Рӯзҳои 14-15 дар Тоҷикистон июни соли равон бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки чунин ҳолат дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сурат хоҳад гирифт.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ вилояти Хатлон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.Тиқи пешгӯии ин ниҳод дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.Дар Суғд бошад, ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа мерасад.Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда интизор буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.Душанберо бошад, ҳавои тағйирёбанда интизор буда, аммо эҳтимол раъду барқ шавад.Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230613/tojikiston-omor-gharqshudagon-oshkor-1057686933.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102580/79/1025807948_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_6b3b8be13993af72535be03aff23f94a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор хатари селфароӣ тоҷикистон
ҳушдор хатари селфароӣ тоҷикистон
Ҳушдор аз хатари селфароӣ дар Тоҷикистон
09:43 14.06.2023 (Навсозишуда: 13:20 14.06.2023) Битно ба пешгӯии ҳавосанҷони дар аксар манотиқи кишвар борони кӯтоҳмуддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Рӯзҳои 14-15 дар Тоҷикистон июни соли равон бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки чунин ҳолат дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сурат хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ вилояти Хатлон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.
Тиқи пешгӯии ин ниҳод дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар Суғд бошад, ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа мерасад.
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда интизор буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо бошад, ҳавои тағйирёбанда интизор буда, аммо эҳтимол раъду барқ шавад.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.