ЮНИСЕФ: Як панҷум кӯдакони афғон кор мекунанд

© AP / Ebrahim NorooziДва афганских ребенка-батрака позируют для фотографии на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан
Два афганских ребенка-батрака позируют для фотографии на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон гузориш додааст, ки як панҷуми кӯдакони ин кишвар кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. ЮНИСЕФ ахиран дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки аз ҳар панҷ кӯдак дар Афғонистон як кӯдак машғул ба кор аст, иттилоъ додааст радиои дарӣ.
Ин ниҳоди байналмилалӣ, муҳоҷират, ҷудоӣ аз хонавода, ҷароҳоти ношӣ аз муҳимоти мунфаҷирнашуда ва тарки таҳсилро аз муҳимтарин илали иштиғол ба кори кудакони афғони эълом ва таъкид кардааст, ки сарфи назар аз ҳар иллате, ҳадафи ин ниҳод - поён додан ба кори кӯдакон дар ҳама ашколи онҳост.
Ахиран ҷаҳон рӯзи ҷаҳонии мубориза бо кори кудаконро ҷашн гирифт.
Барномаи ҷаҳонии ғизо низ эълом кардааст, ки ин ниҳод дар ҳоли афзоиши огоҳиҳо барои поён додан ба кори кудакон дар Афғонистон ва ҷаҳон аст.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
Ёдовар мешавем, ки баъд расидани гурӯҳи толибҳо ба сари қудрат, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон бад шуда, аксари созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳонро нигарон кард.
Толибон баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ҳаққи кору таҳсилро аз занону духтарон гирифтанд.
Намояндагони гурӯҳ мегӯянд, азбаски духтарони афғон дуруст ҳиҷоб намепӯшиданд ва бо марди маҳрам ба донишгоҳ намеомаданд, аз ҳаққи таҳсил маҳрум карда шуданд.
Қаблан дабири кулли Иттиҳодияи Ҷаҳони Ислом аз мухолифати уламои аршади ҷаҳони ислом ва донишгоҳҳои фиқҳӣ бо мамнуияти кор ва омӯзиши духтарон дар Афғонистон хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0