https://sputnik.tj/20230613/general-britoniyo-nato-omoda-dargir-rusiya-nest-1057694930.html
Генерали бритониёӣ мегӯяд, НАТО омодаи даргирӣ бо Русия нест
Генерали бритониёӣ мегӯяд, НАТО омодаи даргирӣ бо Русия нест
Sputnik Тоҷикистон
Генерали мустаъфии англис бар ин назар аст, ки паймон афзоиши қудрати худро пас аз пайвастани Қрим ба Федератсияи Русия дар соли 2014 аз даст дод
2023-06-13T16:58+0500
2023-06-13T16:58+0500
2023-06-20T15:50+0500
нато
русия
даргирӣ
амният ва мудофиа
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056286594_0:0:2934:1651_1920x0_80_0_0_8e1f58acfd79cd9ee0a80d97360b809c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. НАТО ба муноқиша бар зидди Федератсияи Русия омода нест.Дар ин бора генерали мустаъфии англис Ричард Ширрефф, ки пештар ҷонишини сарфармондеҳи иттифоқ дар Аврупо буд, дар сӯҳбат бо нашрияи Newsweek изҳор дошт. "Дар Аврупои Шарқӣ ҷанги васеъмиқёс идома дорад. Ин ҷанг дар рӯи замин ва осмон аст, бинобар ин шумо бояд ба осмон ва замин сармоягузорӣ кунед, аммо онҳо ин корро накарданд. Соли гузашта дар нишасти Мадрид Йенс Столтенберг эълон кард, ки НАТО шумораи нирӯҳои омодагии баландро то 300 000 нафар афзоиш медиҳад - ин танҳо рӯй надодааст", - гуфт Ширефф. Вай қайд кард, ки иттиҳод аз уҳдаи ҷилавгирӣ набаромад ва имкони афзоиши қудрати худро пас аз пайвастани Қрим ба Федератсияи Русия дар соли 2014 аз даст дод."Оё ман мутмаинам, ки НАТО омодаи ҷамъ кардани нерӯҳои муқаррарӣ хоҳад буд, ки барои ҷанги муқаррарӣ бо Русия омода бошанд? Не, ман итминон надорам", - гуфт Ширефф.Тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қаблан изҳор дошт, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО бевосита дар низоъ дар Украина, аз ҷумла на танҳо таъмини силоҳ, балки омӯзиши кадрҳо дар Британияи Кабир, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо даст доранд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар паради Рӯзи Ғалаба дар Маскав рӯзи 9 май гуфт, ки дубора алайҳи Русия ҷанг оғоз шуд, аммо ин кишвар аз терроризми байналмилалӣ ҷилавгирӣ, сокинони Донбассро ҳимоят ва амнияти худро таъмин хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230609/amaliyot-vizha-nizomi-hamla-artish-ukraina-fojea-nato-1057656194.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056286594_105:0:2836:2048_1920x0_80_0_0_2843da3574d51fb48496f43ebef29a8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал бритониёӣ нато даргир русия
генерал бритониёӣ нато даргир русия
Генерали бритониёӣ мегӯяд, НАТО омодаи даргирӣ бо Русия нест
16:58 13.06.2023 (Навсозишуда: 15:50 20.06.2023) Генерали мустаъфии англис бар ин назар аст, ки паймон афзоиши қудрати худро пас аз пайвастани Қрим ба Федератсияи Русия дар соли 2014 аз даст дод
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. НАТО ба муноқиша бар зидди Федератсияи Русия омода нест.
Дар ин бора генерали мустаъфии англис Ричард Ширрефф, ки пештар ҷонишини сарфармондеҳи иттифоқ дар Аврупо буд, дар сӯҳбат бо нашрияи Newsweek изҳор дошт.
"Дар Аврупои Шарқӣ ҷанги васеъмиқёс идома дорад. Ин ҷанг дар рӯи замин ва осмон аст, бинобар ин шумо бояд ба осмон ва замин сармоягузорӣ кунед, аммо онҳо ин корро накарданд. Соли гузашта дар нишасти Мадрид Йенс Столтенберг эълон кард, ки НАТО шумораи нирӯҳои омодагии баландро то 300 000 нафар афзоиш медиҳад - ин танҳо рӯй надодааст", - гуфт Ширефф.
Вай қайд кард, ки иттиҳод аз уҳдаи ҷилавгирӣ набаромад ва имкони афзоиши қудрати худро пас аз пайвастани Қрим ба Федератсияи Русия дар соли 2014 аз даст дод.
"Оё ман мутмаинам, ки НАТО омодаи ҷамъ кардани нерӯҳои муқаррарӣ хоҳад буд, ки барои ҷанги муқаррарӣ бо Русия омода бошанд? Не, ман итминон надорам", - гуфт Ширефф.
Тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қаблан изҳор дошт, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО бевосита дар низоъ дар Украина, аз ҷумла на танҳо таъмини силоҳ, балки омӯзиши кадрҳо дар Британияи Кабир, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо даст доранд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар паради Рӯзи Ғалаба дар Маскав рӯзи 9 май гуфт, ки дубора алайҳи Русия ҷанг оғоз шуд, аммо ин кишвар аз терроризми байналмилалӣ ҷилавгирӣ, сокинони Донбассро ҳимоят ва амнияти худро таъмин хоҳад кард.