https://sputnik.tj/20230521/sobiri-dar-borai-rohandozii-chahorumin-parvozi-mustaqim-bayni-eron-va-tojikiston-khabar-dod-1057262030.html
Собирӣ дар бораи роҳандозии чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон хабар дод
Собирӣ дар бораи роҳандозии чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран эълом кард, чаҳорумин парвози мустақим миёни ду кишвар аз рӯзи панҷшанбе, 8 июни соли равон барқарор хоҳад шуд
2023-05-21T11:15+0500
2023-05-21T11:15+0500
2023-05-21T11:15+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
парвоз
сафир
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045686833_0:0:600:338_1920x0_80_0_0_d024ba882597c27e254602a49355c664.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳамадтақии Собирӣ ахиран эълом кард, чаҳорумин рӯзи парвозӣ барои анҷоми сафарҳои мустақим миёни ду кишвар, аз рӯзи панҷшанбеи 8 июни 2023 барқарор хоҳад шуд.“Салом дӯстони азиз, хушҳолам ки ба иттилоъ бирасонам, чаҳорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе, муаррихи 8 июни 2023 мелодӣ бо парвози ширкати ҳавопаймоии "Вориш" дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон оғоз мешавад”, - навиштааст оқои Собирӣ дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаи иҷтимоӣ.Вай таъкид кардааст, ки бо пайгириҳои анҷомшудаву мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ва Тоҷикистон, чаҳорумин парвози мустақим ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва сабукӣ дар сафари гардишгарон анҷом мешавад.Бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии "Вориш", ин парвоз аз таърихи 8 июни 2023 дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта ва дар соати 7 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12: 30 ҳамон рӯз хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии "Вориш" ва "Сомон –Эйр" дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа ҳар ҳафта дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон ва дар масири Машҳад - Душанбе - Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадиди ин парвоз дар рӯзҳои сешанбе ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.Сафири Эрон дар Душанбе афзудааст, ки қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон ногузир буданд аз масири ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши ҳазинаи сафар, муҷиби тӯлонӣ шудани замони сафар низ мешавад.“Бо иноят ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳам фарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эрониву тоҷикистонӣ, умедворем теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад”, - зикр кард Муҳамадтақии Собирӣ.
https://sputnik.tj/20230518/imzo-tafohumnoma-hamkori-khatlon-tojikiston-khuroson-eron-1057209504.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045686833_67:0:600:400_1920x0_80_0_0_444199cd005d4ceba7491aa9353f54b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, парвоз, мустақим, нақлиёт, сафири эрон, барқарор
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, парвоз, мустақим, нақлиёт, сафири эрон, барқарор
Собирӣ дар бораи роҳандозии чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон хабар дод
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран эълом кард, чаҳорумин парвози мустақим миёни ду кишвар аз рӯзи панҷшанбе, 8 июни соли равон барқарор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳамадтақии Собирӣ ахиран эълом кард, чаҳорумин рӯзи парвозӣ барои анҷоми сафарҳои мустақим миёни ду кишвар, аз рӯзи панҷшанбеи 8 июни 2023 барқарор хоҳад шуд.
“Салом дӯстони азиз, хушҳолам ки ба иттилоъ бирасонам, чаҳорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе, муаррихи 8 июни 2023 мелодӣ бо парвози ширкати ҳавопаймоии "Вориш" дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон оғоз мешавад”, - навиштааст оқои Собирӣ дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаи иҷтимоӣ.
Вай таъкид кардааст, ки бо пайгириҳои анҷомшудаву мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ва Тоҷикистон, чаҳорумин парвози мустақим ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва сабукӣ дар сафари гардишгарон анҷом мешавад.
Бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии "Вориш", ин парвоз аз таърихи 8 июни 2023 дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта ва дар соати 7 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12: 30 ҳамон рӯз хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии "Вориш" ва "Сомон –Эйр" дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа ҳар ҳафта дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон ва дар масири Машҳад - Душанбе - Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадиди ин парвоз дар рӯзҳои сешанбе ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.
Сафири Эрон дар Душанбе афзудааст, ки қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон ногузир буданд аз масири ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши ҳазинаи сафар, муҷиби тӯлонӣ шудани замони сафар низ мешавад.
“Бо иноят ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳам фарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эрониву тоҷикистонӣ, умедворем теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад”, - зикр кард Муҳамадтақии Собирӣ.