Афзойиши содироти тарбузи Тоҷикистон

© SputnikПродажа арбузов в Таджикистане
Продажа арбузов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Содирот тарбузи барвақтии ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар афзуда, ҳосил низ хуб арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тоҷикистон ҳудуди 540 тон тарбузи барвақтиро ба хориҷ содирот кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз мавсими аслии ҳосилбардории он фаро нарасидааст.
Маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол дар қиёс бо соли гузашта содироти тарбуз зиёд шуда, ҳосилнокӣ низ афзудааст.
“Сабаби афзойиши ҳосили тарбуз имсол мусоид омадани обу ҳаво буда, сифати он низ дар пайи истифодаи фанновариҳои ҷадид баланд рафтааст ва хариди он низ дар хориҷа хуб аст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳолати 9 июни соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳконӣ дар майдони 18 ҳазору 582 гектар полизӣ кишт карда шудааст.
Аз ин рақам дар 14 ҳазору 674 гектар ба тарбуз рост меояд, ки 1 ҳазору 305 гектари он бо ҳосилнокии миёнаи 306 сентнер ҷамъоварӣ шуда, ҳосили умумӣ 39 ҳазору 984 тонро ташкил додааст.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Азми кишоварзони тоҷик барои содироти бештари маҳсулот ба Русия
Маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин миқдор то якуми июни соли равон 539 тон тарбуз ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама Русияву Қазоқистон содирот шудааст.
“Қисмати асосии тарбуз дар заминҳои хоҷагиҳо кишт шудааст. Аммо мавсими асосии ҳосил, коҳиши нархи он ва ба содирот мувофиқ шуданаш асосан ба моҳи июл рост меояд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, асосан кишти тарбуз дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.
Аввалин ҳосили кишти заминии тарбуз дар навоҳии Шаҳритусу Дӯстии вилояти Хатлон ва Мастчоҳу Спитамени вилояти Суғд ба даст омадааст.
Лук в логистическом центре Джаббор Расуловского района Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Ташкили 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Суғд
Ҳамчунин парвариши тарбуз бештар дар навоҳии Фархор, Ҷайҳун, Вахш, Ёвон, Ҳамадонӣи вилояти Хатлон, Деваштич, Истаравшан ва Зафарободи вилояти Суғд ва Шаҳринаву Турусунзода ва Ҳисору Ваҳдати Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ афзудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, содироти тарбуз дар ҳамин давраи соли гузашта 397 тон буда, ҳудуди 80% - и он ба вилояти Хатлон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0