Ташкили 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Суғд

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдЛук в логистическом центре Джаббор Расуловского района Согда
Лук в логистическом центре Джаббор Расуловского района Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Аз вилояти Суғд тариқи қатораҳои роҳи оҳан ва марказҳои логистикӣ содироти маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуот и раиси вилояти Суғд.
Иттилоъ дода шудааст, ки барои иҷрои корҳо, ба монанди саракунӣ, банду басти маҳсулот ва пур кардани вагонҳо ҳамрӯза зиёда аз ҳазор нафар сокинон бо шуғл ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки содироти пиёзи барвақтӣ аз ин минтақа асосан аз аввали моҳи май оғоз гардида, ба таъкиди соҳибкорон рӯз то рӯз талабот ба пиёз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат зиёд мегардад.
Гуфта шудааст, ки то имрўз 20 ҳазор тонна пиёз содирот гардида, содирот идома дорад.
Выставка Согд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Аз Русия то Эрону Туркия ва Чин: Иштироки кишварҳои мухталиф дар намоишгоҳи "Суғд-2023"
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд соҳибкорон ҳаҷми содироти пиёзро ба хориҷи мамлакат зиёд менамоянд, аз пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла тахфиф дар арзиши интиқоли бор тариқи қатораҳои роҳи оҳан, хушнудан ва талош доранд, маҳсулот дар вақти муайяншуда ба харидорони бурунмарзӣ дастрас намоянд.
Ба иттилои манбаъ имсол ҳосили пиёз фаровон аст ва талабгорони ин намуди маҳсулот дар хориҷи мамлакат низ зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки барои бе мушкилӣ содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ амал карда, дар асоси талаботи бозор ба соҳибкорону тоҷирон ва дар маҷмуъ интиқолдиҳадагони бор дастру маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0