Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба сӯхтор дар Қазоқистон тасаллият фиристод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва аҳолӣ оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев барқияи тасаллият фиристод.
"Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва аҳолӣ оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф карда мешаванд",- омадааст дар паёми кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор доштааст.
Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва мардум оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-ро гирифт.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Узрхоҳии Тоқаев аз оилаҳои кушташудаҳо дар сӯхтор ва эълони мотам дар Қазоқистон
Раисҷумҳури ин кишвар зимни боздид аз маҳал ва суҳбат бо сокинони тахлияшуда изҳори ҳамдардӣ ва узрхоҳӣ карду 12 июнро рӯзи мотамт миллӣ эълон намуд.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ ​​оғоз шуд.
Мутахассисон онро зуд хомӯш карда натавонистанд, зеро релеф барои ҳаракати мошинҳо имконнопазир буд.
Лентаи хабарҳо
0