Узрхоҳии Тоқаев аз оилаҳои кушташудаҳо дар сӯхтор ва эълони мотам дар Қазоқистон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон аз наздикони 14 ҷангалбоне, ки дар сӯхтор дар вилояти Абай ба ҳалокат расидан, узр хосту гуфт, ҳеч баҳонае барои сафедкунӣ нест
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Ормани"-ро гирифт.
Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар атрофи манотиқи зарардида парвоз карда, бо оилаҳо ва наздикони қурбониён мулоқот кард.
"Онҳое, ки дар ин фоҷеа гунаҳкоранд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд", - ваъда дод Тоқаев ва афзуд, ки 12 июн дар кишвар рӯзи мотами миллӣ эълон мекунад.
Президенти Қазоқистон инчунин аз наздикони ҳалокшудаҳо узр хосту афзуд, ҳеч далеле барои сафедкунӣ ҷой надорад.
"Ҳама гуна кӯмак расонида мешавад - хоҳ кумаки молӣ бошад ва хоҳ дигар, Ҳар чизе ки шумо мегӯед, ҳама чизи даркорӣ расонда мешавад. Барои ҳодисаи рухдода бахшиш мепурсам. Ман мефаҳмам, ки ин хеле мушкил аст", - гуфт президент.
Майдони умумии сӯхтор беш аз 60 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ба хомӯш кардани алангаи оташ 11 чархбол, 237 техника ва беш аз ҳазор нафар ҷалб шудаанд.
Бузургтарин сӯхтори ҷангал дар таърихи Канада – видео аз баландии парвози парранда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Сӯхтори бемисли ҷангали Канада аз баландии парвози парранда - видео
Дар пасманзари ин вазъ Тоқаев сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишварро иваз кард.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ ​​оғоз шуд. Мутахассисон онро зуд хомуш карда натавонистанд, зеро минтақа барои гузаштани мошинҳо имкон намедод.
Хомушкуниро ҳарорати баланд, майдони калони сӯхтор ва вазиши шамол душвор мегардонад.
Лентаи хабарҳо
0