https://sputnik.tj/20230612/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-protokol-imzo-1057678368.html
Баъди шаш рӯзи музокирот: Тоҷикистону Қирғизистон протоколи ҷадиди имзо карданд
Баъди шаш рӯзи музокирот: Тоҷикистону Қирғизистон протоколи ҷадиди имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми шаш рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи муаян ва аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ кардаанд
2023-06-12T15:12+0500
2023-06-12T15:12+0500
2023-06-13T13:50+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мюн — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.Танҳо зикр намуд, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Душанбе баргузор мегардад.Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.Ёдовар мешавем, ки баҳси марзӣ аз мавзуоли асосии музокироти сарони кишварҳо зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ба қарибӣ сурат гирифта буд.Президентҳо аз мувофиқа шудани лоиҳаи сарҳади давлатии байни ду кишвар ба дарозии тақрибан 626 километр изҳори қаноатмандӣ кардаанд.Аз ҷумла таъкид шуд, ки аз ин 102 километри он дар 1,5 соли охир муайян шудааст.Роҳбарони ду давлат дар мавриди дурнамо изҳор доштаанд, ки музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли барои тарафайн мақбул бояд дар заминаи эҳтирому эътимод идома дода шаванд.
https://sputnik.tj/20230602/marz-mehvari-muloqot-rahmon-jabborov-prezident-1057506660.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот тоҷикистон қирғизистон протокол имзо
музокирот тоҷикистон қирғизистон протокол имзо
Баъди шаш рӯзи музокирот: Тоҷикистону Қирғизистон протоколи ҷадиди имзо карданд
15:12 12.06.2023 (Навсозишуда: 13:50 13.06.2023) Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми шаш рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи муайян ва аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 мюн — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
"Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо, рӯзҳои 5 – 11 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид",- афзудааст манбаъ.
ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Душанбе баргузор мегардад.
Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки баҳси марзӣ аз мавзуоли асосии музокироти сарони кишварҳо зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ба қарибӣ сурат гирифта буд.
Президентҳо аз мувофиқа шудани лоиҳаи сарҳади давлатии байни ду кишвар ба дарозии тақрибан 626 километр изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки аз ин 102 километри он дар 1,5 соли охир муайян шудааст.
Роҳбарони ду давлат дар мавриди дурнамо изҳор доштаанд, ки музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли барои тарафайн мақбул бояд дар заминаи эҳтирому эътимод идома дода шаванд.