Муҳриддин ба мардум ва ҳукумати Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ кард

© Фото : пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаГлава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин в посольстве Казахстана
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин в посольстве Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қазоқистон барқияи президентро супурда, ҳамчунин дар китоби таслият навиштае гузоштааст
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе боздид кард.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Вазорати умури хориҷа, раҳбари ин ниҳод ба сафири Қазоқистон Валихон Туреханов барқияи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи мотами миллӣ дар ҷумҳурӣ супурд.
Ҳамчунин Сироҷиддини Муҳриддин дар китоби таслият навиштае гузоштааст.
“Мо ба андӯҳи мардуми бародари Қазоқистон шарик ҳастем ва умедворем, ки ҳамаи осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёбанд”, - навиштааст Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-ро гирифт.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба сӯхтор дар Қазоқистон тасаллият фиристод
Раисҷумҳури ин кишвар зимни боздид аз маҳал ва суҳбат бо сокинони тахлияшуда изҳори ҳамдардӣ ва узрхоҳӣ карду 12 июнро рӯзи мотамт миллӣ ълон намуд.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ ​​оғоз шуд.
Мутахассисон онро зуд хомуш карда натавонистанд, зеро релеф барои ҳаракати мошинҳо имконнопазир буд.
Лентаи хабарҳо
0