https://sputnik.tj/20230609/sukhtor-bemisl-kanada-balandii-parvoz-video-1057657338.html
Сӯхтори бемисли ҷангали Канада аз баландии парвози парранда - видео
Сӯхтори бемисли ҷангали Канада аз баландии парвози парранда - видео
Sputnik Тоҷикистон
Аз рӯи масоҳати сӯхтор соли 2023 метавонад бадтарин дар таърихи Канада шавад. Манзараи сӯхтор ба воситаи ҳавопаймои бесарнишин сабт шудааст
2023-06-09T20:30+0500
2023-06-09T20:30+0500
2023-06-09T20:30+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
видео
навор
сӯхтор
ҷангал
канада
оташ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/09/1057656901_50:0:1403:761_1920x0_80_0_0_5015b61d270c064c599cffffc0a6dec2.jpg
Оташнишонҳо то ҳол натавонистаанд манобеи сӯхторро бартараф созанд. Аз рӯи масоҳати сӯхтор соли 2023 метавонад бадтарин дар таърихи Канада шавад. Ҳоло дар минтақаҳои гуногуни Канада зиёда аз 400 сӯхтори ҷангал давом дорад. Ба гуфтаи сарвазир Ҷастин Трюдо, 239 сӯхтор аз назорат берун баромадаанд. Зиёда аз 20 ҳазор нафар аз минтақаҳои хатарнок кӯчонида шуданд.Наворҳои сабткардаи идораи оташнишонии Колумбияи бритониёӣ аз ҷониби агентии Ruptly намоиш дода шудааст.Наворҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна дуди ғафс ба ҳаво боло меравад, дар ҳоле ки ҷангалро дуди норанҷӣ фаро гирифтааст ва алангаи оташ ба қаламравҳои нав паҳн шудааст. Ню-Йоркро пас аз сӯхтор дар Канада дуд фаро гирифтРасонаҳо бо такя ба вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Канада Билл Блэр, эълом медоранд, ки танҳо дар моҳи май дар Канада қариб 3,8 млн гектар ҷангал сӯхт, ки ин назар ба ҳисоби миёнаи 10-сола 15 баробар зиёд аст.Сӯхторҳои ҷангал хоси ин фасли сол дар Канада аст, аммо имсол ба далели гармтар шудани ҳарорат ва хушк шудани ҳаво масоҳати сӯхтор хеле зиёдтар шудааст. Дар ҳамин ҳол, дуди оташсӯзӣ дар Канада дар ин ҳафта ба Иёлоти Муттаҳида расидааст ва дуди он дар 18 иёлот сабт шудааст. Дар бисёре аз шаҳрҳои Канада ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла Торонто, Оттава, Ню-Йорк ва Вашингтон, осмонро дуд фаро гирифтааст. Мақомоти ин шаҳрҳо ифлосшавии ҳаворо як хатар ба саломатӣ номида, ба сокинон тавсия додаанд, ки ниқоб пӯшанд ва аз берун набароянд.
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/09/1057656901_219:0:1234:761_1920x0_80_0_0_45b664185551a28c91581306829b668a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намо, сӯхтор, ҷангал, бузург, канада, ҳавопаймо
намо, сӯхтор, ҷангал, бузург, канада, ҳавопаймо
Сӯхтори бемисли ҷангали Канада аз баландии парвози парранда - видео
Аз рӯи масоҳати сӯхтор соли 2023 метавонад бадтарин дар таърихи Канада шавад. Манзараи сӯхтор ба воситаи ҳавопаймои бесарнишин сабт шудааст
Оташнишонҳо то ҳол натавонистаанд манобеи сӯхторро бартараф созанд. Аз рӯи масоҳати сӯхтор соли 2023 метавонад бадтарин дар таърихи Канада шавад.
Ҳоло дар минтақаҳои гуногуни Канада зиёда аз 400 сӯхтори ҷангал давом дорад. Ба гуфтаи сарвазир Ҷастин Трюдо, 239 сӯхтор аз назорат берун баромадаанд. Зиёда аз 20 ҳазор нафар аз минтақаҳои хатарнок кӯчонида шуданд.
Наворҳои сабткардаи идораи оташнишонии Колумбияи бритониёӣ аз ҷониби агентии Ruptly намоиш дода шудааст.
Наворҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна дуди ғафс ба ҳаво боло меравад, дар ҳоле ки ҷангалро дуди норанҷӣ фаро гирифтааст ва алангаи оташ ба қаламравҳои нав паҳн шудааст.
Расонаҳо бо такя ба вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Канада Билл Блэр, эълом медоранд, ки танҳо дар моҳи май дар Канада қариб 3,8 млн гектар ҷангал сӯхт, ки ин назар ба ҳисоби миёнаи 10-сола 15 баробар зиёд аст.
Сӯхторҳои ҷангал хоси ин фасли сол дар Канада аст, аммо имсол ба далели гармтар шудани ҳарорат ва хушк шудани ҳаво масоҳати сӯхтор хеле зиёдтар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дуди оташсӯзӣ дар Канада дар ин ҳафта ба Иёлоти Муттаҳида расидааст ва дуди он дар 18 иёлот сабт шудааст.
Дар бисёре аз шаҳрҳои Канада ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла Торонто, Оттава, Ню-Йорк ва Вашингтон, осмонро дуд фаро гирифтааст. Мақомоти ин шаҳрҳо ифлосшавии ҳаворо як хатар ба саломатӣ номида, ба сокинон тавсия додаанд, ки ниқоб пӯшанд ва аз берун набароянд.