Тоҷикистону Белорус якҷоя бо коррупсия мубориза мебаранд

© Дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасодДиректори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юревич
Директори Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи  тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юревич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Мубориза бо коррупсияи фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии сафари директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба Минск буд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бо Кумитаи тафтишотии Беларусро ба имзо расондааст.
Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, санади мазкур дар шаҳри Минск, зимни мулоқоти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Беларус Дмитрий Гора имзо гардид.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Беларус бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия таҳияю имзо шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2023
Зокирзода: Ҳамкорӣ бо Русияро ба сатҳи сифатан нав мебарорем
Дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки созишномаи мазкур барои мустаҳкам намудани равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкориро бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ таҳким мебахшанд. Аз ҷумла ахиран вазири корҳои дохилии Русия, генерал Владимир Колоколсев аз Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳамкорони тоҷикаш нақшаи амал барои соли ояндаро ба имзо расонд
Инчунин ҳайати вакилони парлумони Русия, таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев ахиран аз Тоҷикистон боздид намуда, ҳамкориро бо намояндагони мақомоти бахшҳои мухталиф баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0