https://sputnik.tj/20230603/vakilon-tojikiston-rusiya-amniyat-hamkori-barrasi-1057523724.html
Зокирзода: Ҳамкорӣ бо Русияро ба сатҳи сифатан нав мебарорем
Зокирзода: Ҳамкорӣ бо Русияро ба сатҳи сифатан нав мебарорем
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар бахши амният ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қарор доранд
2023-06-03T09:30+0500
2023-06-03T09:30+0500
2023-06-03T09:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
парлумон
думаи давлатӣ
маҳмадтоир зокирзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048501534_0:0:570:321_1920x0_80_0_0_ad7726182b480b7a3e60145da17c24c7.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ҳайати вакилони Русия, таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев дар Тоҷикистон қарор доранд. Зимни мулокот таъкид карда шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд, афзуд манбаъ. "Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижае гузошта, ба ҳамкориҳои дуҷониба мақоми шарикии стратегӣ додаанд", - омадааст дар иттилоия. Аз ҷумла наздик будани мавқеъҳои Душанбе ва Маскав аз рӯи қариб ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ таъкид гардид. Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин наздикӣ имкон медиҳад, мушкилоте, ки ба таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ – СММ, ИДМ, СААД, СҲШ бомуваффақият ҳаллу фасл шаванд."Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия низ ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар шуданд", - омадааст дар иттилоия. Зокирзода таъкид намудаст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро як ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморад, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав бароварда хоҳанд шуд. Дар баробари ин ҳайати русиягӣ бо вакилони дигари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот карда, таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20230509/tojik-rus-qirghiz-volodin-ghalaba-hama-muttahid-1056975968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048501534_75:0:542:350_1920x0_80_0_0_612fb51d1fe01d20337b22da55feadc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакилон, тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, баррасӣ
вакилон, тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, баррасӣ
Зокирзода: Ҳамкорӣ бо Русияро ба сатҳи сифатан нав мебарорем
Ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар бахши амният ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ҳайати вакилони Русия, таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев дар Тоҷикистон қарор доранд.
Зимни мулокот таъкид карда шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд, афзуд манбаъ.
"Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижае гузошта, ба ҳамкориҳои дуҷониба мақоми шарикии стратегӣ додаанд", - омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла наздик будани мавқеъҳои Душанбе ва Маскав аз рӯи қариб ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ таъкид гардид.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин наздикӣ имкон медиҳад, мушкилоте, ки ба таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ – СММ, ИДМ, СААД, СҲШ бомуваффақият ҳаллу фасл шаванд.
"Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия низ ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Зокирзода таъкид намудаст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро як ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморад, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав бароварда хоҳанд шуд.
Дар баробари ин ҳайати русиягӣ бо вакилони дигари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот карда, таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.