Ҷазои ҷавонзан дар ноҳияи Дӯстӣ барои таълими ғайриқонунии "Қуръон" ва "Қоидаи Бағдодӣ"

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкСвященный коран в мечети
Священный коран в мечети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Ҷавонзани 26-сола дар мурофиаи додгоҳӣ эътироф кардаст, ки ба як духтари хурдсол аз китобҳои динии "Қуръон" ва "Қоидаи Бағдодӣ" таълими динӣ додааст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ як ҷавонзани сокини ҷамоати "Ҷиликӯл"-и ноҳияро ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 680 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.
Тавре рӯзномаи расмии ҳукумати вилоят - "Хатлон" аз қавли додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ хабар додааст, зани 26-сола, модари ду фарзанд дар таълими ғайриқонунии динӣ айбдор шудааст.
Дар додгоҳ муайян шудааст, ки ин зан давоми 2 сол ба як духтари ноболиғ дар манзили истиқоматии худ аз китобҳои динии "Қуръон" ва "Қоидаи Бағдодӣ" таълими динӣ додааст.

Айбдоршаванда дар додгоҳ изҳор доштааст, ки ӯ намедонист, ки барои додани тадриси динӣ иҷозати махсус лозим аст.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Ифтитоҳ пас 4 соли интизорӣ: далелҳо дар бораи масҷиди калонтарин дар Тоҷикистон
"Мавсуф изҳор доштааст, ки айни ҳол бекор мебошад ва ягон манбаи даромад надорад. Инчунин, ду фарзанди хурдсол дорад ва аз амали кардааш пушаймон аст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Дар пайи баррасии парвандаи маъмурӣ ҷавонзан дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон таълимоти динӣ дар шароити хона ва бидуни иҷозати мақомот нақзи қонун буда, ҷавобгарӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0