Ифтитоҳ пас 4 соли интизорӣ: далелҳо дар бораи масҷиди калонтарин дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Лоиҳаи Масҷиди марказии Душанбе аз ҷониби меъморони тоҷикистонӣ ва қатарӣ омода карда шудааст. Дар таҳияи он ҳам анъанаҳои шаҳрсозии ҷумҳурӣ ва ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ ба назар гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе, билохира, масҷиди аз ҳама калони ҷумҳуриро ифтитоҳ намуданд.
Ин рӯйдоди фараҳбахшро сокинони ҷумҳурӣ аз тирамоҳи соли 2019 инҷониб интизор буданд, аммо бо сабабҳои гунногун тантанаи кушодашавии он ба вақти дигар гузаронида мешуд. Вақтҳои охир мекӯшиданд онро умуман ба хотир наоранд. Дар бораи масҷиди нав дар Душанбе чӣ маълумоте ҳаст – дар маводи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Сохтмони батаъхирафтода

Дар оғоз шартнома дар бораи бунёди масҷид байни Тоҷикистон ва Қатар ҳанӯз соли 2007 ба имзо расида буд. Аммо ин масъала тӯли ду сол пӯшида монд ва фақат соли 2009 ҳини таҷлили 1310-солагии Имом Абу Ханифа – асосгузори мазҳаби ҳанафия – сари ин масъала баргаштанд.
Президети ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр дар экранҳои “оинаи нилгун” дар сар каскаи сохтмонӣ сари чанбари экскаватор пайдо шуд ва шахсан санги асоси масҷиди навро, ки бояд калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мешуд, гузошт.
Аммо корҳои сохтмонӣ фақат дар соли 2011 оғоз ёфтанд. Тибқи лоиҳаи таҳиянамудаи мутахассисони тоҷикистониву қатарӣ масҷид бояд дар давоми 4 сол сохта мешуд. Барои 1,5 ҳаз. нафар ҷойҳои нави корӣ пайдо шуд. Аммо сохтмон фақат соли 2019 ба анҷом расид.

Калонтарин дар Тоҷикистон

Дар ҳолати оғози корҳо чунин иншооти динӣ дар Осиёи Марказӣ ҳоло вуҷуд надошт. Ва шигифтангез ҳам нест – андозаҳо ниҳоят бузурганд.
Лоиҳаи Масҷиди марказии Душанбе аз ҷониби меъморони тоҷикистонӣ ва қатарӣ омода карда шудааст. Ҳангоми таҳияи он ҳам анъанаҳои шаҳрсозии ҷумҳурӣ ва ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ ба назар гирифта шудааанд.
Арзиши ин лоиҳа ба 100 млн. доллар баҳогузорӣ карда шуд, аммо Доха ҳавасмандии худро ба дастгирии молиявии Душанбе изҳор дошт, бинобар ин хароҷотро бу ду қисм ҷудо намуданд - 70% ва 30%.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир аст, масоҳати зери биноҳо 3 гектарро ташкил медиҳанд, се даромадгоҳи калон дорад. Дар қаламрави он биноҳо барои адои намоз, китобхона, осорхона, толорҳо барои баргузории ҷаласаҳо ва қабули меҳмонон, ҳамчунин – таваққуфгоҳ барои 4 ҳаз. адад нақлиёт мавҷуданд.
Тоҷикистон чанд масҷид дорад?
Иншоот аз 4 манораи баландии ҳар якаш 75 метра, гунбази 43 метра ва 17 гунбазҳои хурди 35 метра иборат аст. Дар масҷид дар як вақт 133 ҳазор нафар намоз гузошта метавонанд , ки аз ин теъдод 43 ҳазор нафарашон метавонанд дар дохил бошанд.
Аз оғоз масҷид дар Душанбе бояд калонтарин дар Осиёи Марказӣ мешуд. Аммо ифтитоҳи он якчанд маротиба мавқуф гузошта шуд – аввал амири Катар ба Тоҷикистон наомад, сипас тамоми ҷаҳонро бемории ҳамагири коронавирус пӯшонид.
Дар натиҷа, тобистони соли 2022 дар Остона масҷиди асосии Қазоқистон дари худро боз намуд, ки дар он ҷо дар як вақт 235 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд. Маҳз ҳамон масҷид айни замон калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Новобаста аз ин, аз масҷиди Душанбе, аллакай аз ҳоло, чун аз иншооти беназири меъмории Тоҷикистон ва ҳам чун аз иншооти аз ҳама азими динии дар солҳои соҳибистилолӣ бунёдёфта ном мебаранд .
Лентаи хабарҳо
0