Тими ҷудои Тоҷикистон ба Қазоқистон меравад

© Федерация дзюдо ТаджикистанаTashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана
Tashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби кишвар дар ҳайати даҳ нафар барои иштирок дар мусобиқаи навбатӣ ба Қазоқистон меравад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи "Gran Slam" дар Қазоқистон омодагӣ мегирад.
Ба ин мусобиқа мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 10 варзишгар меравад, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаҳо дар Остона аз 16 то 18 июн баргузор мешаванд. Дар ин ҷоо зиёда аз 300 нафар намояндагони 43 давлат иштирок хоҳанд кард.
Ба ҳайати мунтахаби кишвар варзишгарони зерин дохил мешаванд:
60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
60кг – Меҳрзод Суфиев
66кг – Эмомалӣ Нуралӣ
66кг – Обид Ҷебов
81кг – Шодмон Ризоев
81кг – Сомон Маҳмадбеков
90кг – Умедҷон Раҷабов
100кг – Исроил Раҳимов
100кг – Темур Раҳимов
100кг – Шакармамад Мирмамадов
Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқа 150 000 евро муқаррар шудааст. Ғолибони ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медалҳои нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро мегиранд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Рамзӣ Шамиров: Таваҷҷӯҳ ба дзюдо миёни занон дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи июн мусобиқаи байналмилалии дзюдо "Гран При Душанбе - 2023" баргузор шуд. Дар он зиёда аз 300 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҷадвали расмӣ мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали тило, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард.
Лентаи хабарҳо
0