https://sputnik.tj/20230610/sel-masir-khorugh-ishkoshimr-shash-soat-bast-1057663414.html
Сел масири Хоруғ - Ишкошимро ҳудуди шаш соат баст
Сел масири Хоруғ - Ишкошимро ҳудуди шаш соат баст
Sputnik Тоҷикистон
Сел бинобар гармии ҳаво ва обшавии яху барф дар кӯҳҳо жар километри 55 -уми ин масир сел фаромад, ки хушбахтона дар пай талафоти ҷоӣ надошт 10.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-10T20:23+0500
2023-06-10T20:23+0500
2023-06-10T20:26+0500
дар тоҷикистон
ишкошим
хоруғ
роҳ
сел
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/50/1024255053_0:55:2048:1207_1920x0_80_0_0_c143cab99ffb8a943a6c92b3ae3192e1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ -Ишкошим дар километри 33 - ум бар асари омадани сел масдуд шуд.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.Ба иттилои манбаъ, сел бегоҳи рӯзи 9 июн фаромад ва ҳудуди шаш соат ҳаракати нақлиётро тавассути ин роҳ номумкин гардонд.Манбаъ иллати омадани селро ба гармии аз ҳад зиёд, ки боиси обшавии босуръати барфу яхҳо гардид, рабт дод.КҲФ зикр намуд, ки бо истифода аз техникаи махсуси хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт ин масир аз сангу селоба тоза гардид ва ҳаракати нақлиёт дубора барқарор гардид.Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт, илова намуд Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Қаблан, КҲФ аз тафсон шудани ҳаво ва эҳтимоли баландшавии сатҳи обу омадани сел ҳушдор дода буд.Ҳамчунин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву хонаҳо аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки тамоми ҷӯйбору хандақҳо тоза кунанд ва ҳатман аз рӯи маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт амал кунанд.
https://sputnik.tj/20230607/khf-garmo-toqatfarso-tojikiston-hushdor-1057606775.html
ишкошим
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/50/1024255053_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_eb1bc1e64142445e584250b6f17c0556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ишкошим, хоруғ, роҳ, сел, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ишкошим, хоруғ, роҳ, сел, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Сел масири Хоруғ - Ишкошимро ҳудуди шаш соат баст
20:23 10.06.2023 (Навсозишуда: 20:26 10.06.2023) Сел бинобар гармии ҳаво ва обшавии яху барф дар кӯҳҳо жар километри 55 -уми ин масир сел фаромад, ки хушбахтона дар пай талафоти ҷоӣ надошт
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ -Ишкошим дар километри 33 - ум бар асари омадани сел масдуд шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сел бегоҳи рӯзи 9 июн фаромад ва ҳудуди шаш соат ҳаракати нақлиётро тавассути ин роҳ номумкин гардонд.
Манбаъ иллати омадани селро ба гармии аз ҳад зиёд, ки боиси обшавии босуръати барфу яхҳо гардид, рабт дод.
КҲФ зикр намуд, ки бо истифода аз техникаи махсуси хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт ин масир аз сангу селоба тоза гардид ва ҳаракати нақлиёт дубора барқарор гардид.
Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт, илова намуд Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Қаблан, КҲФ аз тафсон шудани ҳаво ва эҳтимоли баландшавии сатҳи обу омадани сел ҳушдор дода буд.
Ҳамчунин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву хонаҳо аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки тамоми ҷӯйбору хандақҳо тоза кунанд ва ҳатман аз рӯи маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт амал кунанд.