Роҳҳои маҳаллии Ҳисор таъмир мегарданд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Дар роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе, ки аз ҳдуди 6 деҳа гузашта, масофаи 8 км-ро ташкил медиҳад, аллакай якчанд минтақаи роҳ таъмири яклухт гардидааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Роҳҳои мошингарди маҳаллӣ дар шаҳри Ҳисор таъмиру навсозӣ мешаванд.
Дар ин бора ҳокимияти шаҳр хабар дода, афзуд, ки барои омодагии ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ роҳҳо навсозӣ мешаванд.
Манбеъ тавзеҳ дод, ки барои таъмири роҳҳо аз ҳисоби беҷаи маҳаллӣ маблағи муайян ҷудо гардидааст. Дақиқан маълум нест, ки ин роҳҳо бо харҷӣ чӣ миқдор маблағ таъмир мешаванд.
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Бо кӯмаки соҳибкорон роҳи Хуҷанд таъмир мешавад
Зикр гардид, ки алъон кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе, ки аз ҳудуди 6 деҳа гузашта, масофаи 8 километрро ташкил медиҳад, якчанд минтақаи роҳро таъмири яклухт намуданд.
"Таъмиру мумфаршкунӣ дар дигар минтақаи боқимондаи роҳ ҷараён дорад", - омадааст дар хабарнома.
Қаблан хабар дда шуд, ки соли равон дар маркази вилояти Суғд беш аз 50 км роҳ таъмир мешавад. Маъмурияти шаҳри Хуҷанд гуфт, ин иқдом на танҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳр, балки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ низ дастгирӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии "Роҳ истифодабарӣ", аз моҳи январ то майи соли 2023 тақрибан 15 км роҳи мошингард таъмир карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0