Дар Лаҳистон аз барқарор кардани муносибатҳо бо Русия гуфтанд

© Sputnik / Филип КлимашевскийФлаг Польши
Флаг Польши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Сиёсатшиноси лаҳистонӣ дар бораи таъсиси ҳаракат барои барқарор кардани муносибатҳо бо Федератсияи Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Лаҳистон як сохтори сиёсӣ таъсис дода мешавад, ки ҷонибдори барқарории равобити дӯстона бо Русия мешавад, навиштааст сиёсатшинос ва асосгузори ҳаракати зиддиҷангии Лаҳистон Лешек Сикулский дар Twitter.
"Мо тасмим гирифтем, ки дар якҷоягӣ бо Ҷунбиши зиддиҷангии Лаҳистон як созмони сиёсие таъсис диҳем, ки ошкоро, сарашро дар рег пинҳон накарда, барои барқарор кардани муносибатҳои дӯстона бо бузургтарин ҳамсояи мо – Русия талош хоҳад кард. Чорабиниҳои аввалин дар тирамоҳ барпо мешаванд", - навиштааст Сикулский.
Вай ҳамчунин афзуд, ки билохира ба ӯ ва ҳамфикронаш муяссар шуд, ки ҶЗЛ-ро расман сабти ном кунанд.
Флаг Польши и НАТО на польском танке во время совместных учений - РИА Новости, 1920, 28.04.2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Чӣ гуна Украина ба Лаҳистон барои фиреб додани Ғарб кумак кард
Ҷунбиши зиддиҷангии Лаҳистон ассотсиатсияест, ки бо ташаббуси Лешек Сыкульский таъсис ёфтааст.
Намояндагони ин иттиҳодия мухолифи амрикоикунонии Лаҳистон буда, иқдомоти Варшава барои ҳимоят аз Украинаро маҳкум мекунанд ва исрор доранд, ки равобит бо Маскав барқарор шавад.
Лентаи хабарҳо
0