Кушта шудани 5 нафар бар асари таркиш дар корхонаи мушакбарорӣ дар Анқара

© AFP 2023 / Mahmut Bozarslan/AFPTVСкорая помощь у разрушенных домов после землетрясения в турецком Диярбакыре
Скорая помощь у разрушенных домов после землетрясения в турецком Диярбакыре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Дар корхонаи истеҳсоли мушакҳо ва кулоҳакҳо барои онҳо ҳодисаи изтирорӣ рух дод, ба ҷои ҳодиса як бригадаи оташнишонӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар як корхонаи мушакӣ дар Анқара таркиш ба амал омад. Дар натиҷа 5 нафар кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вазорати дифои миллии Туркия.
Дар корхонаи истеҳсоли мушакҳо ва кулоҳакҳои ҷангӣ барои онҳо ҳодисаи фавқулода рӯй дод.
"Дар корхонаи мушакӣ дар ноҳияи Элмадағи Анқара таркиш рух дод. Дар натиҷаи таркиш 5 коргари мо ба ҳалокат расиданд. Тафтишоти судӣ ва маъмурӣ оғоз шудааст", - гуфтанд дар вазорат.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи оташнишонӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Баъди таркиш дар корхона сӯхтор ба амал омад.
Дым над местом взрыва в Джелалабаде, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Таркиш дар масҷиди Файзобод ҳангоми намози ҷаноза: 16 нафар кушта шуд
Корхона дар канори пойтахт дар ноҳияи Элмадағ дар теппае, ки аз маҳаллаҳои истиқоматӣ дур аст, ҷойгир аст.
Қабл аз сӯхтор ва пайдо шудани дуд дар болои объект садои таркиш шунида шуд. Дар бораи сабабҳои ҳодиса то ҳол хабар дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0