Дар ВМКБ боз замин ҷунбид

© APПоказания сейсмографа. Архивное фото
Показания сейсмографа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Ларзишҳои зеризаминӣ соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, шиддати он 4,1 балл бу, дар чуқурии тақрибан 100 километр рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, шиддати ларзише, ки дар соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст, 4,1 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин дар умқи қариб 100 километр будааст.
Дар бораи оқибатҳои зилзила дар ҳоли ҳозир маълумот дастрас нашудааст.
Десантная подготовка сотрудников МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
ВҲФ Русия барои муҷаҳҳазсозии маркази наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад
Маврид ба зикр аст, ки минтақаи мазкур аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳо бо қувватҳои гуногун пайваста ба амал меоянд.
Сахттарин заминларзаи тайи чанд моҳи ахир дар қаламрави Тоҷикистон бо шиддати 7,3 дараҷа субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дода буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон чӣ гуна амал кардан дар вақти заминларзаро омӯхта буд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар назари зилзиласанҷон ҷумҳурӣ дар қатори кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил шудааст.
Лентаи хабарҳо
0