https://sputnik.tj/20230608/vada-eron-musoidat-rusiya-tahrim-1057612163.html
Ваъдаи Эрон барои мусоидат ба Русия дар шароити таҳримҳо
Ваъдаи Эрон барои мусоидат ба Русия дар шароити таҳримҳо
Sputnik Тоҷикистон
Сармоягузорон аз Русия барои ширкат дар барномаи Эрон барои рушди саноати нафту кимиё ва газ даъват шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш ояндадор арзёбӣ гардид
2023-06-08T09:02+0500
2023-06-08T09:02+0500
2023-06-08T09:02+0500
дар ҷаҳон
эрон
саноат
ҳамкорӣ
таҳрим
нафт
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_0:100:3283:1947_1920x0_80_0_0_c13663c3d8f0d9adc5e047798ebb12ce.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эрон омода аст, дар шароити таҳримҳо ба саноати коркарди нафти Русия кумаки фаннӣ ва муҳандисӣ расонад.Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эрон бо такя ба муовини вазири нафт ва мудири кулли Ширкати миллии нафту кимиё Муртазо Шоҳмирзоӣ хабар додааст."Эрон омодаи хидматрасонии фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи маводи кимиёвист, ки барои саноати нафтӣ ва кимиёи Русия дар шароити таҳримҳо заруранд", - гуфт муовини вазир. Шоҳмирзоӣ зимни суханронӣ дар намоишгоҳи “Роспласт-2023” дар Маскав аз сармоягузорони рус даъват кард, то дар барномаи Эрон барои рушди саноати нафту кимиё ва газ ширкат кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон дар рафъи мушкилоте, ки аз таҳримҳо бармеояд, таҷрубаи ғанӣ дорад ва азми бахшҳои давлатӣ ва хусусии ин кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо бо Русия зикр намудаст. Ба гуфтаи сафорат, ширкатҳои эронӣ қасд доранд, дар тӯли се рӯзи намоишгоҳ бо ширкатҳои русӣ беш аз 10 созишномаи шарикӣ имзо кунанд.Ахиран Эрон гуфт, тасмим дорад, бо ширкати Русия, Қатар ва Туркманистон як маркази газӣ бунёд кунад. Дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад.
https://sputnik.tj/20230607/eron-markazi-gazi-mesozad-1057599206.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_5520c9831fea2c324b1b3612cdbacf47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, теҳрон, кумак, бахш, нафт, газ, барнома
омодагӣ, теҳрон, кумак, бахш, нафт, газ, барнома
Ваъдаи Эрон барои мусоидат ба Русия дар шароити таҳримҳо
Сармоягузорон аз Русия барои ширкат дар барномаи Эрон барои рушди саноати нафту кимиё ва газ даъват шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш ояндадор арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эрон омода аст, дар шароити таҳримҳо ба саноати коркарди нафти Русия кумаки фаннӣ ва муҳандисӣ расонад.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эрон бо такя ба муовини вазири нафт ва мудири кулли Ширкати миллии нафту кимиё Муртазо Шоҳмирзоӣ хабар додааст.
"Эрон омодаи хидматрасонии фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи маводи кимиёвист, ки барои саноати нафтӣ ва кимиёи Русия дар шароити таҳримҳо заруранд", - гуфт муовини вазир.
Шоҳмирзоӣ зимни суханронӣ дар намоишгоҳи “Роспласт-2023” дар Маскав аз сармоягузорони рус даъват кард, то дар барномаи Эрон барои рушди саноати нафту кимиё ва газ ширкат кунанд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон дар рафъи мушкилоте, ки аз таҳримҳо бармеояд, таҷрубаи ғанӣ дорад ва азми бахшҳои давлатӣ ва хусусии ин кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо бо Русия зикр намудаст.
Ба гуфтаи сафорат, ширкатҳои эронӣ қасд доранд, дар тӯли се рӯзи намоишгоҳ бо ширкатҳои русӣ беш аз 10 созишномаи шарикӣ имзо кунанд.
Ахиран Эрон гуфт, тасмим дорад, бо ширкати Русия, Қатар ва Туркманистон як маркази газӣ бунёд кунад. Дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад.