https://sputnik.tj/20230607/eron-markazi-gazi-mesozad-1057599206.html
Эрон маркази газӣ месозад
Эрон маркази газӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони Эрон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди халиҷи Форс бо иштироки давлатҳои Русия, Туркманистон ва Қатар як маркази газӣ бунёд кунанд
2023-06-07T14:08+0500
2023-06-07T14:08+0500
2023-06-07T14:09+0500
раҷаб тайиб эрдуғон
ҳамкорӣ
маркази татбиқи лоиҳаҳо
эрон
дар ҷаҳон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047073632_0:104:1929:1189_1920x0_80_0_0_f343e2bcd9745d590986f2b858e824f1.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эрон бо ширкати Русия, Туркманистон ва Қатар талош дорад, ки як маркази газӣ бунёд кунад. Ин нуктаро вазири нафти Эрон Ҷавод Оуҷӣ баён дошта, зарфияти кишварашро дар ин самт бузург арзёбӣ кардааст, навиштааст хабаргузории ISNA. Вай афзудааст, ки дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад. "Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 33 триллион метри мукааб захоири истихроҷшавандаи газ, аз рӯи захираи ин манобеъ дар ҷаҳон дар ҷои дуввум аст", - изҳор доштаст вазир. Ӯ илова намудаст, ки саъй доранд, бо кумаки Русия, Туркманистон ва Қатар, халиҷи Форс ва Асалуяро ба як маркази газ табдил диҳанд. Вазир дар бораи ин лоиҳа ҷузъиёт надод ва танҳо қайд кард, ки ҳоло корҳои зарурӣ ва банақшагирӣ анҷом дода мешаванд.Ин дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон низ дар ҳамкорӣ бо Русия аз ташкили хаби газӣ хабар дода шуд. Вай баъди пирӯзияш дар интихоботи президентӣ ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия ваъда дод, ки ба татбиқи лоиҳаи маркази газӣ бо Русия бармегардад.
https://sputnik.tj/20230529/erdughon-vada-tarh-peshnihod-putin-amali-1057410991.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047073632_103:0:1826:1292_1920x0_80_0_0_2633b93564c312e4cd846771048fa401.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, эрон, ташкил, хаб, газ, русия, туркия
талош, эрон, ташкил, хаб, газ, русия, туркия
Эрон маркази газӣ месозад
14:08 07.06.2023 (Навсозишуда: 14:09 07.06.2023) Мақомдорони Эрон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди халиҷи Форс бо иштироки давлатҳои Русия, Туркманистон ва Қатар як маркази газӣ бунёд кунанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эрон бо ширкати Русия, Туркманистон ва Қатар талош дорад, ки як маркази газӣ бунёд кунад.
Ин нуктаро вазири нафти Эрон Ҷавод Оуҷӣ баён дошта, зарфияти кишварашро дар ин самт бузург арзёбӣ кардааст, навиштааст хабаргузории ISNA.
Вай афзудааст, ки дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад.
"Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 33 триллион метри мукааб захоири истихроҷшавандаи газ, аз рӯи захираи ин манобеъ дар ҷаҳон дар ҷои дуввум аст", - изҳор доштаст вазир.
Ӯ илова намудаст, ки саъй доранд, бо кумаки Русия, Туркманистон ва Қатар, халиҷи Форс ва Асалуяро ба як маркази газ табдил диҳанд.
Вазир дар бораи ин лоиҳа ҷузъиёт надод ва танҳо қайд кард, ки ҳоло корҳои зарурӣ ва банақшагирӣ анҷом дода мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон низ дар ҳамкорӣ бо Русия аз ташкили хаби газӣ хабар дода шуд.
Вай баъди пирӯзияш дар интихоботи президентӣ ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия ваъда дод, ки ба татбиқи лоиҳаи маркази газӣ бо Русия бармегардад.