Муҳлат то 1 октябр: супориш ба масъулини Хатлон барои омодагии пурра ба давраи зимистон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатМуовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Обуна шудан
Ба масъулин гуфта шуд, ки камбуди давраи тирамоҳу зимистони қаблиро ба назар гирифта, барои ором гузаронидани фасли сармо тадбирҳои иловагӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои омодагӣ ба тирамоҳу зимистон ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор шуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба роҳбарияти хадамоти давлатии оташнишонӣ, шабакаҳои барқ, идораи роҳҳо, дастур дод, ки корҳои санҷишӣ, таъмиру навсозӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро тибқи талабот анҷом диҳад.
Ӯ масъулинро вазифадор кард, ки то 1 октябри соли равон дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро ба сомон расонанд.
Дар ин бора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар меддиҳад.
Дар ҷаласа гузориш дода шуд, ки дар соҳаи маорифи вилоят айни замон 544 тонна бақияи ангишт, 725 метри куби ҳезум ва миқдори муайян сўзишвории дизелӣ боқӣ мондааст, гуфта шуд дар ҷаласа.
"Бо мақсади саривақт таъмин намудани нақшаи захираи ангишт ба масъулин дастур дода шуд, ки бояд бо корхонаҳои истихроҷи ин сӯзишворӣ бевосита шартнома имзо кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар соҳаи тандурустӣ бошад, аз 29 дегхона 13 адади он дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар ҳар як муассисаи тибби тибқи нақшаи чорабинӣ то муҳлати пешбинишуда корҳо дар сатҳи зарурӣ анҷом дода мешаванд.
Баррасии омодагии макотиби Хоруғ ба зимистон
Дар соҳаи фарҳанг шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки фаъолияти китобхонаҳо ва дигар иншооти соҳаро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.
Лентаи хабарҳо
0