https://sputnik.tj/20230607/barrasi-omodagi-makotibi-khorugh-zimiston-1057607811.html
Баррасии омодагии макотиби Хоруғ ба зимистон
Баррасии омодагии макотиби Хоруғ ба зимистон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хоруғ бо баргузории машварати васеъ омодагии муассисаи таълимии маркази маъмурии ВМКБ-ро ба фасли зимистони оянда баррасӣ намуд
2023-06-07T18:46+0500
2023-06-07T18:46+0500
2023-06-07T18:46+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маориф
мактаб
хоруғ
таълим
зимистон
омодагиҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/11/1027221170_0:119:2809:1699_1920x0_80_0_0_ee011f74434fa687a9bd83135b345c5b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Хоруғ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 аз масоили меҳварии машварати васеи шаҳрдорӣ буд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, дар машварати васеъ дар баробари шаҳрдор, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ширкат варзиданд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, Ситора Худобахчева вобаста ба омодагӣ ба зимистон ба раису масуълин гузориш дод. "Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рафти иҷрои нақшаро дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳр ва Шоҳтемуриён мавриди санҷиш қарор дод", - гуфтаст Худобахчева. Вай таъкид намудааст, ки зимни санҷиш муайян гардид, муасиссаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 омодагии ҳаматарафа дида истодаанд."Тирезаҳои синфхонаҳои муасиссаҳои таълимӣ шишабандии дутарафа буда, гармиро дар синфхонаҳо муътадил нигоҳ медоранд. Шумораи умумии гармкунакҳои барқӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ 768 ададро ташкил медиҳанд", - афзуд ӯ. Раиси шаҳри Хоруғ вобаста ба омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳрро вазифадор намудаст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал кунанд.
https://sputnik.tj/20230522/sanjish-barkanor-mudironi-maktab-tayin-mudir-bokhtar-1057282271.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/11/1027221170_193:0:2617:1818_1920x0_80_0_0_f785416cb7f8ca29fa546aee5d09f5b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макотиб, зимистон, хоруғ, омода
макотиб, зимистон, хоруғ, омода
Баррасии омодагии макотиби Хоруғ ба зимистон
Раиси шаҳри Хоруғ бо баргузории машварати васеъ омодагии муассисаи таълимии маркази маъмурии ВМКБ-ро ба фасли зимистони оянда баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Хоруғ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 аз масоили меҳварии машварати васеи шаҳрдорӣ буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, дар машварати васеъ дар баробари шаҳрдор, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, Ситора Худобахчева вобаста ба омодагӣ ба зимистон ба раису масуълин гузориш дод.
"Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рафти иҷрои нақшаро дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳр ва Шоҳтемуриён мавриди санҷиш қарор дод", - гуфтаст Худобахчева.
Вай таъкид намудааст, ки зимни санҷиш муайян гардид, муасиссаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 омодагии ҳаматарафа дида истодаанд.
"Тирезаҳои синфхонаҳои муасиссаҳои таълимӣ шишабандии дутарафа буда, гармиро дар синфхонаҳо муътадил нигоҳ медоранд. Шумораи умумии гармкунакҳои барқӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ 768 ададро ташкил медиҳанд", - афзуд ӯ.
Раиси шаҳри Хоруғ вобаста ба омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳрро вазифадор намудаст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал кунанд.