Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Солнсепек" дар наздикии Артемовск ба пойгоҳи Украина зарба зад

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкРабота расчетов огнеметных систем ТОС -1А "Солнцепек"
Работа расчетов огнеметных систем ТОС -1А Солнцепек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Обуна шудан
Раиси маркази матбуотии гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" аз амалиёти бобарори низомиёри Русия дар маҳалҳои аҳолинишини Артемовск хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Системаи оташфишони вазнини Русия "Солнсепек" ба истгоҳҳои низомии украинӣ дар наздикии деҳаҳои Кирово ва Дружба дар вилояти Артёмовски ҶМД зарба зад.
Дар ин бора Вадим Астафев, раиси маркази матбуоти гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" ба РИА Новости хабар дод.
"Аз системам оташдиҳандаи вазнини "Солнсепек" ба такягоҳи бригадаи 24-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии деҳаҳои Кирово ва Дружба зарба зада шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Илова бар ин, ҳавопаймоҳои қиркунанда ба маконҳое, ки низомиёни зархаридон дар маҳалҳои аҳолинишини Спорное, Веселое, Курдюмовка дар ноҳияи Артемовск зарба заданд.
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: дар сарзамини рус боз ҳам танкҳои олмонӣ сӯхтан доранд
Аз сӯи артиллеристони Русия дар ин бахши фронт гаубитсҳои Украина Д-20 ва Д-30, як тупи худгарди 2С1 "Гвоздика", миномети 122 миллиметрӣ ва як таппончаи 122 миллиметриро нобуд карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0