https://sputnik.tj/20230608/sokinon-sughd-safar-haj-1057616185.html
Сокинони вилояти Суғд барои сафар ба ҳаҷ омодагӣ мебинанд
Сокинони вилояти Суғд барои сафар ба ҳаҷ омодагӣ мебинанд
Sputnik Тоҷикистон
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки нияти адои ҳаҷ доранд, вохӯрда, ба онҳо қоидаҳои сафарро хотиррасон кард
2023-06-08T15:50+0500
2023-06-08T15:50+0500
2023-06-08T15:50+0500
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
ҳаҷ
арабистони саудӣ
суғд
панҷакент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056313582_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_aba862f08e32e877ab5c31025729ecbe.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Соли 2023 - 111 сокини Панҷакент ният доранд, ки ба зиёрати маконҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ раванд. Дар ин бора, ҳукумати шаҳр хабар медиҳад.Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки қасди сафари Ҳаҷ доранд, мулоқот кард. Ӯ ба зоирин ёдовар шуд, ки ҳар яки онҳо намояндаи давлатанд. Холиқзода ба онҳо амали қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”, бахусус ҳангоми гусел ва пешвозро шарҳ дод. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 арзиши сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, 59 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамин тариқ, ба нархи зикршуда чиптаҳои ҳавопаймо, меҳмонхона, боҷи давлатӣ, се вақт ғизо, сафар, хидматрасонии роҳбаладӣ, кумаки тиббӣ дар ҳолати зарурӣ ва ғайра дохил мешаванд. Нархи ҳаҷ барои зоирини тоҷик арзон шудҚобили зикр аст, ки сафари зоирин аз Тоҷикистон аз 10 то 20 июн аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20230427/rahmon-safar-ziyod-tojikon-haj-intiqod-1056722364.html
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056313582_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1d23fa4cb9a2254cc9dd7c72c2c3aa76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, ҳаҷ, тоҷикистон, қоидаҳои сафар
сафар, ҳаҷ, тоҷикистон, қоидаҳои сафар
Сокинони вилояти Суғд барои сафар ба ҳаҷ омодагӣ мебинанд
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки нияти адои ҳаҷ доранд, вохӯрда, ба онҳо қоидаҳои сафарро хотиррасон кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Соли 2023 - 111 сокини Панҷакент ният доранд, ки ба зиёрати маконҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ раванд.
Дар ин бора, ҳукумати шаҳр хабар медиҳад.
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки қасди сафари Ҳаҷ доранд, мулоқот кард.
Ӯ ба зоирин ёдовар шуд, ки ҳар яки онҳо намояндаи давлатанд. Холиқзода ба онҳо амали қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”, бахусус ҳангоми гусел ва пешвозро шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 арзиши сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, 59 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Ҳамин тариқ, ба нархи зикршуда чиптаҳои ҳавопаймо, меҳмонхона, боҷи давлатӣ, се вақт ғизо, сафар, хидматрасонии роҳбаладӣ, кумаки тиббӣ дар ҳолати зарурӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Қобили зикр аст, ки сафари зоирин аз Тоҷикистон аз 10 то 20 июн аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд оғоз мешавад.