Интиқоди Раҳмон аз сафари зиёди тоҷикон ба Ҳаҷ: ҳатто ба мусобиқаи авлодӣ табдил ёфтааст

© AFP 2023Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж
Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Обуна шудан
Президент қайд кард, ки вақтҳои охир ҳам маросими ҳаҷ ва ҳам умра миёни сокинони баъзе минтақаҳои кишвар ба як навъ рақобат табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар пасманзари вазъи ноустувор дар ҷаҳон тоҷикон бояд оқилонатар ва сарфакор бошанд.
Сарвари давлат зимни як сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар паёми худ ба аҳолӣ қайд кард, ки мардум ба хотири худнамоӣ беҳуда набояд ба сарфакорӣ даст зананд.
Дар ин росто ӯ ҳамчунин зикр кард, ки вақтҳои охир ҳам сафари ҳаҷ ва ҳам умра як навъ рақобат миёни сокинони бархе аз манотиқи кишвар ва ҳатто ба як навъи вижаи сафар табдил шудааст.
Ӯ қайд кард, ки баъзеҳо 3-4 маротиба ва ҳатто бештар аз он ҳаҷ мекунанд.
"Ин коре, ки ҳамватанони мо анҷом дода истодаанд, ғайр аз таассуб ва тақлид номи дигар надорад", - гуфт Раҳмон.
Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо ба гуфти сарвари давлат, шахсоне, ки ба зиёрат мераванд ва ҳатто тифлону кӯдаконро низ ҳамроҳ мебаранд, фикр намекунанд, ки одобу русуми ҳаҷравӣ аз чӣ иборат аст, шароити манзили зист ва зиндагии аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонашон дар чӣ ҳол қарор дорад.
Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард
Ӯ гилоя кард, ки, барои ин кор маблағи зиёд сарф мешавад, ҳол он ки ин пулро ба рушди фарзандону маорифу тандурустӣ сарф намоянд беҳтар аст.
"Ба ятимон, маъюбон, ниёзмандон, камбағалон то ҳадди имкон кумак кунед", - маслиҳат дод президент.
Ӯ ёдовар шуд, ки ҳамватанон пеш аз рафтан ба Ҳаҷ бояд сари ин масъалаҳо андеша кунанд.
Лентаи хабарҳо
0