Вазирони дифои кишварҳои СПАД дар Минск таҳдидҳоро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийФлаг ОДКБ
Флаг ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД, ки дар Белорус баргузор мешавад, раҳбарони вазоратҳои дифоъ дидору гуфтугӯ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар шаҳри Минск нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Беларус.
Дар ин мулоқот ҳузури вазирони Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар назар аст.
Ин нишаст таҳти раёсати вазири дифои Беларус генерал-лейтенант Виктор Хренин баргузор мешавад.
Дар рӯзномаи ҷаласаи рӯзи 25 май баррасии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи масъулияти ин созмон аст.
Илова бар ин, сарони вазоратҳои дифоъ масъалаҳои такмили низоми вокуниш ба бӯҳронро ба миён мегузоранд.
Лукашенко ба ҳамлаи ҷавобии артиши Украина бовар надорад
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баррасии асноди марбут ба омӯзиши муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва воҳидҳои нерӯҳои низомии амнияти дастаҷамъии СПАД, ҳамкориҳои низомию техникӣ ва ғайра дар назар аст.
Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои низомӣ дар назар аст.
Қаблан Минск изҳор дошта буд, ки дар давраи раёсати он дар СПАД дар соли 2023 тамоми масъалаҳо ба ҳалли вазъҳои бӯҳронӣ, аз ҷумла дар доираи ин иттиҳодия равона хоҳанд шуд.
Мантуров: Имкониятҳои шарикии СПАД пурра амалӣ нашудаанд
Нерӯҳо барои беҳбуди обрӯи байналмилалии СПАД, фаъолсозии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сеюм, бахусус бо Чин, истифода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0