Тоҷикистон чанд масҷид дорад?

© Sputnik / Амир ИсаевНамаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мавҷудияти ҳар гуна маҳдудиятҳои диниро дар кишвар рад карда, омори соҳаро ироа намуд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи соли 2022-юм беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ фаъолият доштааст, иттилоъ дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, дар маҷмӯъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи ин муассисаҳо дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Раиси Кумитаи дин: Эҳтимол нархи ҳаҷ арзонтар шавад
Ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи дини Тоҷикистон ҷой доштани маҳдудиятҳоро, ки дар гузоришҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз он зикр мешавад, рад намуда, афзуд, ки озодии виҷдону иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ таъмин аст.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дар назар масҷиди бузурги Душанбе зимни сафари ҳайати расмии Қатар ба Тоҷикистон ифтитоҳ гардад, ки бузургтарин дар минтақа мебошад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0