https://sputnik.tj/20230607/tojikiston-jalasa-hukumat-avruosiyo-1057605427.html
Тоҷикистон ба ҷаласаи ҳукуматҳои АвруОсиё даъват шуд
Тоҷикистон ба ҷаласаи ҳукуматҳои АвруОсиё даъват шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ иштироки сарони ҳукуматҳои кишварҳои нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар гирифта шудааст
2023-06-07T16:25+0500
2023-06-07T16:25+0500
2023-06-07T16:25+0500
дар тоҷикистон
ҳукумат
русия
сочи
иқтисод
ҳамкорӣ
баррасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё даъват карда шудааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Русия. Ба иттилои манбаъ, ин ҳамоиш рӯзҳои 7-9 июн дар Сочи, таҳти раёсати Русия дар сохторҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2023 баргузор мешавад."Дар назар аст, ки доираи васеи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шавад. Таваҷҷуҳи махсус ба энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва бахши рақамӣ дода мешавад", - таъкид кардааст Девони вазирони Русия. Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё иштироки сарони ҳукуматҳои кишварҳои нозир дар ИА – Куба ва Ӯзбекистон дар назар мебошад. Дар баробари ин Тоҷикистон бо ҳамроҳии Озарбойҷон ва Туркманистон чун ҷонибҳои даъватшуда хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон солҳост, имкони вуруди ин кишвар ба Иттиҳодияи АвруОсиёро баррасӣ мекунад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷумҳурӣ изҳори назар карда буд. Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон изҳор дошт.Ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар аҳди раёсати кишвараш дар Иттиҳоди АвруОсиё Маскав талош мекунад, ҳамкории созмон бо кишварҳои дигарро таҳким бахшад.
https://sputnik.tj/20230525/putin-hamkori-uzbekiston-tojikiston-ittihodiya-iqtisodii-avruosiyo-1057363752.html
русия
сочи
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, тоҷикистон, иқтисод, авруосиё
даъват, тоҷикистон, иқтисод, авруосиё
Тоҷикистон ба ҷаласаи ҳукуматҳои АвруОсиё даъват шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ иштироки сарони ҳукуматҳои кишварҳои нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё даъват карда шудааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Русия.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳамоиш рӯзҳои 7-9 июн дар Сочи, таҳти раёсати Русия дар сохторҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2023 баргузор мешавад.
"Дар назар аст, ки доираи васеи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шавад. Таваҷҷуҳи махсус ба энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва бахши рақамӣ дода мешавад", - таъкид кардааст Девони вазирони Русия.
Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё иштироки сарони ҳукуматҳои кишварҳои нозир дар ИА – Куба ва Ӯзбекистон дар назар мебошад.
Дар баробари ин Тоҷикистон бо ҳамроҳии Озарбойҷон ва Туркманистон чун ҷонибҳои даъватшуда хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон солҳост, имкони вуруди ин кишвар ба Иттиҳодияи АвруОсиёро баррасӣ мекунад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷумҳурӣ изҳори назар карда буд. Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон изҳор дошт.
Ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар аҳди раёсати кишвараш дар Иттиҳоди АвруОсиё Маскав талош мекунад, ҳамкории созмон бо кишварҳои дигарро таҳким бахшад.