Футзалбозони тоҷик дар нахустин бозии Ҷоми миллатҳои Араб шикаст хӯрданд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаФутзал. Матч Таджикистан - Ливия
Футзал. Матч Таджикистан - Ливия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Обуна шудан
Пас аз анҷоми нобарори бозии нахуст, футзалбозони тоҷик дар даври навбатӣ бо тими Арабистони Саудӣ вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии "Ҷоми кишварҳои Араб - 2023" аз тими Либия шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳисоби 2:1 бар нафӣ тими Либия анҷом ёфт. Голи ягонаро Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи ҳарифони либиягӣ зад.
Манбаъ афзуд, дар даври баъдӣ шогирдони Пайрав Воҳидов бо тими миллии Арабистони Саудӣ, ки қаблан бо футзалбозони Алҷазоир мусовӣ бозӣ карда буд, вомехӯранд. Ин бозӣ 8 июн баргузор мешавад.
Матч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Тоҷикистон мизбони даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мешавад
Аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба плей-офф ва инчунин 2 дастаи беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, ҷуфтҳои чорякфиналиро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки мусобиқоти интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024-ро мизбонӣ мекунад.
Ҳамчунин дар Ӯзбекистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон, Таиланд ва Қирғизистон бозиҳо баргузор мешаванд. Мусобиқаи интихобӣ аз 7 то 11 октябр дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0