Тоҷикистон мизбони даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мешавад

© ФФТМатч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022
Матч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Қуръакашӣ рӯзи 22 июн дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад ва бозиҳои интихобӣ дар аввали моҳи октябр дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тоҷикистон яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки мусобиқоти интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024-ро мизбонӣ мекунад.
Ба иттилои Конфедеросиюни футболи Осиё, бозиҳо ҳамчунин дар Ӯзбекистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон, Таиланд ва Қирғизистон баргузор мешаванд.
Мусобиқаи интихобӣ аз 7 то 11 октябр дар назар аст. Қуръакашӣ рӯзи 22 июн дар қароргоҳи AFC дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.
Аз рӯи натоиҷи он 31 даста ба 8 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони ҳар гурӯҳ ва инчунин 7 тиме, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё роҳ меёбанд.
Награждение игроков юношеской сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA медали биринҷӣ гирифт
Ёдовар мешавем, ки аз 21 то 28 май дар Тоҷикистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-20) баргузор шуд.
Панҷ бозӣ дар варзишгоҳи ССКА-и пойтахти кишвар ва 5 бозии дигарро варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор карданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон 1 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 1 бохт ба даст овардааст. Ба ин тартиб, даста бо анҷоми ҳамаи бозиҳо 5 имтиёз ба даст оварда, аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон, ки 10 ва 9- имтиёзӣ доранд қафо монд ва дар ҷойи севум қарор гирифт.
Пас аз Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот Афғонистон бо 4 имтиёз ва Туркманистон, ки чаҳор бор мағлуб шуда, як хол ҳам ба даст наоварданд, қарор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0