https://sputnik.tj/20230606/vaziron-khorijii-rusiya-tojikiston-muhojiron-barrasi-1057568754.html
Вазирони корҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд
Вазирони корҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия ёдовар шуд, ки қаблан 120 ҳазор муҳоҷирини корӣ сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ афв шуда буданд
2023-06-06T12:47+0500
2023-06-06T12:47+0500
2023-06-06T12:47+0500
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷир
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_9c78c1146660832c8b49d23c9580176a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистонро дар мавриди афви муҳоҷирони корӣ иҷро мекунад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт. Раҳбари вазорати хориҷаи Русия афзуд, авфи ахири муҳоҷирони корӣ 120 ҳазор нафарро фаро гирифт, ки бо вуҷуди қонуншикании маъмурии содиршуда ба ҳуқуқи худ барқарор шуданд. Мақомоти Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир борҳо аз дарёфти иттилоъ дар бораи боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ карданд.Вазири Русия таъкид кард, ки дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ шуда бошад.
https://sputnik.tj/20230605/rusiya-sharoiti-muhojiron-tojikistoni-behbud-1057560580.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_7c7296c5f3c5022bd016037225abc572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх русияв тоҷикистон мушкилот муҳоҷирон кор баррасӣ
вкх русияв тоҷикистон мушкилот муҳоҷирон кор баррасӣ
Вазирони корҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд
Вазири умури хориҷаи Русия ёдовар шуд, ки қаблан 120 ҳазор муҳоҷирини корӣ сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ афв шуда буданд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистонро дар мавриди афви муҳоҷирони корӣ иҷро мекунад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт.
"Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Мо ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем", - гуфт дипломат.
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия афзуд, авфи ахири муҳоҷирони корӣ 120 ҳазор нафарро фаро гирифт, ки бо вуҷуди қонуншикании маъмурии содиршуда ба ҳуқуқи худ барқарор шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир борҳо аз дарёфти иттилоъ дар бораи боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ карданд.
Вазири Русия таъкид кард, ки дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ шуда бошад.