https://sputnik.tj/20230605/rusiya-sharoiti-muhojiron-tojikistoni-behbud-1057560580.html
Ваъдаи Русия барои беҳбуди шароити муҳоҷирони тоҷикистонӣ
Ваъдаи Русия барои беҳбуди шароити муҳоҷирони тоҷикистонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари сафари расмии вазири умури хориҷии Русия ба Тоҷикистон, Маскав аз авлавиятҳои ҳамкорӣ бо Душанбе дар бахши муҳоҷират гуфтаст
2023-06-05T16:56+0500
2023-06-05T16:56+0500
2024-01-27T15:21+0500
дар русия
муҳоҷират
ҳамкорӣ
вазорат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061217684_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8600b63cf45d77881f2771b4e7c15a43.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Маскав ба ҳамкории дарозмуддат ва тарафайн муфид дар бахши муҳоҷират бо Душанбе авлавияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Русия, бо нашри як иттилоия дар ҳошияи сафари расмии вазир, Сергей Лавров ба Душанбе баён доштаст. "Мо ба ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки Маскав барои беҳбуди шароити кору иқомати муҳоҷирони тоҷикистонӣ тадбирандешӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор шаҳрванд барои таъминоти рӯзгорашон озими Русия мешаванд ва маблағи фиристодаи онҳо сарчашмаи аслии таъминоти хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад. Инчунин шаҳрвандигирии тоҷикистониҳо низ дар Русия майли афзоиш дошта, дар семоҳаи аввали соли равон наздики 45 ҳазор нафар табааи ин кишварро дарёфт кардаанд.
https://sputnik.tj/20230531/mintaqa-rusiya-muntazir-muhojiron-kori-1057466141.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061217684_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_70fa4a0eabd4257fa0b5ce6b14351bdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, душанбе, муҳоҷирон, музокирот
маскав, душанбе, муҳоҷирон, музокирот
Ваъдаи Русия барои беҳбуди шароити муҳоҷирони тоҷикистонӣ
16:56 05.06.2023 (Навсозишуда: 15:21 27.01.2024) Дар пасманзари сафари расмии вазири умури хориҷии Русия ба Тоҷикистон, Маскав аз авлавиятҳои ҳамкорӣ бо Душанбе дар бахши муҳоҷират гуфтаст
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Маскав ба ҳамкории дарозмуддат ва тарафайн муфид дар бахши муҳоҷират бо Душанбе авлавияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Русия, бо нашри як иттилоия дар ҳошияи сафари расмии вазир, Сергей Лавров ба Душанбе баён доштаст.
"Мо ба ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки Маскав барои беҳбуди шароити кору иқомати муҳоҷирони тоҷикистонӣ тадбирандешӣ мекунад.
"Мо барои беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳудуди Русия, инчунин такмили заминаи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии ҳамкориҳоямон дар ин самт пайваста тадбир меандешем", - таъкид намудаст ВУХ Русия.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор шаҳрванд барои таъминоти рӯзгорашон озими Русия мешаванд ва маблағи фиристодаи онҳо сарчашмаи аслии таъминоти хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад.
Инчунин шаҳрвандигирии тоҷикистониҳо низ дар Русия майли афзоиш дошта, дар семоҳаи аввали соли равон наздики 45 ҳазор нафар табааи ин кишварро дарёфт кардаанд.