Лавров: Русия бовар дорад, ки Киев омодаи истифодаи "бомбаи касиф" мебошад - видео

Обуна шудан
Русия дорои маълумоти муътамад дар мавриди азми мақомоти Киев барои омодасозии "бомбаи касиф" ва истифодаи онро дорад, то Маскавро муттаҳам кунад
Маскав қасд дорад ба сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама ба СММ муроҷиат кунад, зеро дар бораи таҳияи "бомбаи ифлос" дар сохторҳои таҳқиқотии Украина маълумот дорад.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни як нишасти матбуотӣ баён дошта, таъкид намуд, далелҳо мавҷуданд, ки Киев нияти истифодаи ин бомбро дорад.
"Мо маълумоти мушаххас дар бораи он муассисаҳои Украина дорем, ки технологияи сохтани ин "бомбаи ифлос"-ро доранд", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Лавров, Маскав ба ин маълумот итминон дорад, зеро он аз чанд тараф санҷида шудаст.
"Ин як гумони хушку холӣ нест, ки далелҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки ин гуна чизҳоро тарҳрезӣ кардан мумкин аст" - изҳор дошт Лавров.
Ба гуфтаи вазир, ба баррасии касбии мушкили таъкидшуда умед дорад. Ӯ аз тавофуқоти вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёнаш "дар бораи машваратҳои иловагӣ дар ин мавзӯъ дар сатҳи касбӣ" хабар дод.
Володин шеваи кори Зеленскийро ба Усома бин Лодан монанд кард
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, Киев барои эҷоди "бомбаи ифлос" пойгоҳи истеҳсолӣ ва иқтидори илмии кофиро дорад. Ҳамчунин корхонаҳоеро соҳиб аст, ки дар он захираи моддаҳои радиоактивӣ мавҷуданд.
Ҳамчунин, ҷониби Русия аз тамосҳои дафтари президенти Украина бо намояндагони Бритониё дар робита ба дарёфти эҳтимолии фанноварии эҷоди силоҳи ҳастаӣ огоҳ шуд.
Вазорати дифои Русия гуфт, мақомоти Украина барои тарконидани "бомбаи ифлос" омодагӣ мебинанд, то онро кори Маскав бозтоб диҳанду мавҷи нави гурезаҳою буҳронро ба вуҷуд оранд.
Лентаи хабарҳо
0