https://sputnik.tj/20230606/pulisi-rusiya-firor-tojikiston-oshkor-1057573890.html
Пулиси Русия 270 нафари таҳти пайгард дар Тоҷикистонро ошкор кардааст
Пулиси Русия 270 нафари таҳти пайгард дар Тоҷикистонро ошкор кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Русия дар доираи ҷаласаи ҳайати мушовара бо мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз натиҷаи ҳамкориҳо дар соли охир зикр кард
2023-06-06T17:25+0500
2023-06-06T17:25+0500
2023-06-06T17:47+0500
дар русия
муҳоҷират
ҳамкорӣ
владимир колоколтсев
рамазон раҳимзода
афзун гаштани ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_4a2f37bdfc14d1cb3f8c9b359bdbd6b9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон пурмаҳсул буда, тамоми самтҳои калидири фаро мегирад. Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайати мушовара бо ҳамтои тоҷикаш, Рамазон Раҳимзода баён дошт. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Русия, Колоколсев гуфт, дар самти пешгирӣ ва ошокорсозии ҷинояткориҳо таҷрибаи назарраси амалӣ миёни мақомоти ду кишвар ташаккул ёфтааст. "Дар натиҷаи тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли равон соли ҷорӣ, пулиси Русия беш аз 270 нафарро ошкор карданд, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти таҳқиб қарор дорад", - омадааст дар иттилоия. Сардори Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кард, ки дар шароити муосир мукаммалӣ ва сифати ташхис, истифодаи усулҳои инноватсионии бештар ташаккули заминаи далелҳоро пешакӣ муайян мекунад. Колоколсев инчунин аз ҳамкориҳо дар бахши ташхисоти судӣ ва таҳқиқот гуфтааст. Вазир изҳор доштааст, ки дар асоси дархостҳои воридшуда дар маҷмӯаҳои додаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия 324 нафар муайян карда шуданд, ки дар ҷойи ҷиноят дар Тоҷикистон изи даст гузоштаанд.Ӯ хостори таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткориҳо ва табодули иттилою таҷриба шудааст.
https://sputnik.tj/20230606/vaziron-khorijii-rusiya-tojikiston-muhojiron-barrasi-1057568754.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8cb38ef533a108a9e453f89f6e479023.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, фирор, таҳқиб, боздошт,
русия, тоҷикистон, фирор, таҳқиб, боздошт,
Пулиси Русия 270 нафари таҳти пайгард дар Тоҷикистонро ошкор кардааст
17:25 06.06.2023 (Навсозишуда: 17:47 06.06.2023) Вазири умури дохилии Русия дар доираи ҷаласаи ҳайати мушовара бо мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз натиҷаи ҳамкориҳо дар соли охир зикр кард
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон пурмаҳсул буда, тамоми самтҳои калидири фаро мегирад.
Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайати мушовара бо ҳамтои тоҷикаш, Рамазон Раҳимзода баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Русия, Колоколсев гуфт, дар самти пешгирӣ ва ошокорсозии ҷинояткориҳо таҷрибаи назарраси амалӣ миёни мақомоти ду кишвар ташаккул ёфтааст.
"Дар натиҷаи тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли равон соли ҷорӣ, пулиси Русия беш аз 270 нафарро ошкор карданд, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти таҳқиб қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Сардори Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кард, ки дар шароити муосир мукаммалӣ ва сифати ташхис, истифодаи усулҳои инноватсионии бештар ташаккули заминаи далелҳоро пешакӣ муайян мекунад.
Колоколсев инчунин аз ҳамкориҳо дар бахши ташхисоти судӣ ва таҳқиқот гуфтааст.
Вазир изҳор доштааст, ки дар асоси дархостҳои воридшуда дар маҷмӯаҳои додаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия 324 нафар муайян карда шуданд, ки дар ҷойи ҷиноят дар Тоҷикистон изи даст гузоштаанд.
Ӯ хостори таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткориҳо ва табодули иттилою таҷриба шудааст.