Лавров гуфт, Ғарб дар Осиёи Марказӣ чи ҳадаф дорад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ Сергей Лавров
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Обуна шудан
Барномаҳои кӯмак баро рушди минтақа аз ҷониби муҳандисони геополитикии ғарбӣ пешбарӣ шуда, дар асл василаи назорат ва тағир додани манзараи сиёсӣ аст
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Маскав аз дӯстони худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ даъват мекунад, ки форматҳои ҳамкориҳои аз ҷониби Ғарб таҳмилшуда, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ, аз нигоҳи интиқодӣ дошта бошанд.
Дар ин бора Сергей Лавро, валири корҳои хориҷа зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) дар Душанбе изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои вай кӯшиш мекунанд, ки сохти дохилии сиёсии мамлакатҳоро аз руи намунаҳои худ, аз ҷумла бо роҳи "инқилобҳои ранга" аз нав шакл диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои кӯмак ба рушд, ки аз ҷониби муҳандисони геополитикии ғарбӣ пешбарӣ мешаванд, дар асл василаи назорат ва тағир додани манзараи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа барои худ мебошанд.
Встреча Лаврова с молодыми дипломатами в РТСУ - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Лавров ба дипломатҳои ҷавон дар Душанбе чӣ гуфт - видео
"Мо аз дӯстони худ даъват мекунем, ки ба ҳамкориҳои низомии Ғарб ва барномаҳои омӯзишии афсарони интизомӣ аз назари интиқодӣ нигоҳ кунанд”,- гуфт Лавров.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Ғарб барои вуруди башардӯстона ва низомӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ талошҳои ҳадафмандона дорад.
Вай ҳамзамон гуфт, ки ИМА бо истифода аз нооромсозии вазъ дар Афғонистон мехоҳад дар Осиёи Миёна ҷабҳаеро зидди Русия боз кунад
Лавров: ИМА аз ДОИШ* ва Ал-Қоида* дар Афғонистон фаъолона пуштибонӣ мекунад
"Ғарб пайваста самтҳои иловагиро меҷӯяд, ки бо он Русияро ба хашм оварад, ҷабҳаҳои "дувум" ва "сеюм" боз кунад. Яке аз ин "ҷабҳаҳо" дар баробари Закавказ эълон шудааст, то кунун паси парда, аммо ҳама медонанд, Осиёи Марказист, ки пас аз фирори эътилоф ба истилоҳ дар Афғонистон воқеаҳои хеле душвор рух медиҳанд", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0